https://sputnik.tj/20230614/viloyat-sugd-botkand-dust-natijai-muzokirot-1057718506.html
Вилояти Суғд ва Ботканд омодаанд дӯст шаванд? Натиҷаи музокирот
Вилояти Суғд ва Ботканд омодаанд дӯст шаванд? Натиҷаи музокирот
Sputnik Тоҷикистон
Дар мулоқоти густурда пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ ва масъалаҳои истифодаи муштараки обёрӣ ва оби ошомиданӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
2023-06-14T18:59+0500
2023-06-14T18:59+0500
2023-06-14T18:59+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
ҳамкорӣ
равобит
суғд
музокирот
бодканд
гуфтушунид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/0e/1057714752_0:64:1280:784_1920x0_80_0_0_f8779e6d22fded9a254a6e0348cf7fca.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар шаҳри Гулистон мулоқоти навбатии гуруҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.Ба иттилои манбаъ, ҳайати вилояти Суғдро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вилояти Бодканди Қирғизистонро намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон Абдукарим Алимбаев роҳбарӣ намуданд.Ҳамчунин дар мулоқот фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии ду кишвар генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршиев, роҳбаронии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти амнияти ду вилоят, раисони шаҳру навоҳии наздисарҳадӣ иштирок доштанд.Иттилоъ дода шудааст, ки дар мулоқоти дуҷонибаи Раиси вилояти Суғд ва намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд тарафҳо аз фаъолияти гуруҳи корӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.Ҳамзамон дар ин музокирот масъалаи пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолии наздисарҳадӣ ва пешгирӣ аз истифодаи ҳамагуна силоҳ дар суҳбати генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршиев баррасӣ шуда.Инчунин дар мулоқоти васеи ҷонибҳо вобаста ба тақвиятбахшии корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, истифодаи якҷоя аз оби полезиву нӯшокӣ, риояи талаботи протоколҳои қаблан имзошуда мавриди таҳлил қарор дода шуд.Ба иттилои манбаъ ҳарду ҷониб омодагии худро барои азсар гирифтани муносибатҳои дӯстона ва равобити неки ҳамсоядорӣ изҳор доштанд.Дар охир аз рӯи натиҷаи мулоқоти имрӯза протокол омода гардида, аз ҷониби фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии ду кишвар генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршиев имзо гузошта шуд.
https://sputnik.tj/20230430/bahs-nuqta-marzii-tojikiston-qirghiziston-uzbekiston-1056774392.html
қирғизистон
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/0e/1057714752_143:0:1280:853_1920x0_80_0_0_a1c3c162142df608e9081ce8861a88a8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, бодканд, дӯст, натиҷа, музокирот, аҳолӣ, гуфтугӯ, обёрӣ, оби ошомиданӣ
тоҷикистон, суғд, бодканд, дӯст, натиҷа, музокирот, аҳолӣ, гуфтугӯ, обёрӣ, оби ошомиданӣ
Вилояти Суғд ва Ботканд омодаанд дӯст шаванд? Натиҷаи музокирот
Дар мулоқоти густурда пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ ва масъалаҳои истифодаи муштараки обёрӣ ва оби ошомиданӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар шаҳри Гулистон мулоқоти навбатии гуруҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати вилояти Суғдро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вилояти Бодканди Қирғизистонро намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон Абдукарим Алимбаев роҳбарӣ намуданд.
Ҳамчунин дар мулоқот фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии ду кишвар генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршиев, роҳбаронии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти амнияти ду вилоят, раисони шаҳру навоҳии наздисарҳадӣ иштирок доштанд.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар мулоқоти дуҷонибаи Раиси вилояти Суғд ва намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд тарафҳо аз фаъолияти гуруҳи корӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
“Ҷонибҳо мушкилоти мавҷударо бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намуда, барои таъмини амнияти сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ва таҳкими муносибатҳои ҳамсоядорӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд”, таъкид намудааст манбаъ.
Ҳамзамон дар ин музокирот масъалаи пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолии наздисарҳадӣ ва пешгирӣ аз истифодаи ҳамагуна силоҳ дар суҳбати генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршиев баррасӣ шуда.
“Тарафҳо барои идомаи музокирот ва бо роҳи гуфтушунид ҳал намудани масъалаҳои пешоянда мубодилаи афкор намуданд”, - қайд кардааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Инчунин дар мулоқоти васеи ҷонибҳо вобаста ба тақвиятбахшии корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, истифодаи якҷоя аз оби полезиву нӯшокӣ, риояи талаботи протоколҳои қаблан имзошуда мавриди таҳлил қарор дода шуд.
Ба иттилои манбаъ ҳарду ҷониб омодагии худро барои азсар гирифтани муносибатҳои дӯстона ва равобити неки ҳамсоядорӣ изҳор доштанд.
Дар охир аз рӯи натиҷаи мулоқоти имрӯза протокол омода гардида, аз ҷониби фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии ду кишвар генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршиев имзо гузошта шуд.