https://sputnik.tj/20230130/sarmo-mohikush-talafot-sadho-mohi-tojikiston-1054587251.html
“Сармои моҳикуш”: талаф ёфтани садҳо ҳазор моҳӣ дар Тоҷикистон
“Сармои моҳикуш”: талаф ёфтани садҳо ҳазор моҳӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Сармои ахире, ки дар Тоҷикистон сар зада буд, беш аз як миллион моҳиро фақат дар ду хоҷагии моҳипарварии кишвар нобуд кардааст
2023-01-30T22:01+0500
2023-01-30T22:01+0500
2023-01-31T14:41+0500
дар тоҷикистон
моҳипарварӣ
моҳӣ
кишоварзӣ
сардшавӣ
ҳавои сард
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/08/1031864661_0:70:3143:1838_1920x0_80_0_0_361f0676fc56bfcb88fb962bb7428659.jpg
ДУШАНБЕ, 30 янв – Sputnik. Ҷолиб ин аст, ки дар қиёс бо чорво моҳӣ пас аз мурдан низ метавонад мавриди истифода қарор гирад.Қуобон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, ки таъсири сармо ба соҳаи кишоварзиро дар нишасти матбуотӣ шарҳ медод, гуфт, дар бархе хоҷагиҳо талафот ҳаст, вале кам, бештарини зарар ба ду хоҷагии моҳипарварии ноҳияи Ваҳдат расидааст.Дар шарҳи ин мавзуъ Музаффар Мирзозода, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, гуфт, талафоти бештаринро ду хоҷагии моҳидорӣ дар ноҳияи Ваҳдат, яке, “Баҳор” ва дигарӣ, “Форел” дидаанд, ки дар онҳо аксаран гулмоҳӣ парвариш дода мешавад.“Моҳиҳои гармидӯстдор зарар надиданд, зеро мисли хирс ба хоби зимистона мераванд ва чизе намехӯранд ва ҳам дар қаъри об сукунат ихтиёр мекунанд. Моҳиҳои ба сардӣ тобовар, назири гулмоҳӣ, бештар осебпазиранд. аммо моҳӣ мисли чорвои талафёфта нест, ки хӯрданаш мумкин набошад”, - гуфт Музаффар Мирзозода.Вай афзуд, талафоти бештарро хоҷагии “Баҳор” дидааст ва моҳиҳоеро, ки таги ях монда буданд, ҳамаро Агентии таъминоти махсуси назди ҳукумати Тоҷикистон харидорӣ ва дар сардхонаҳо оварда ҷобаҷо кард.Тибқи иттилои вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар 372 хоҷагии моҳипарварӣ, 9 адад зиёд дар қиёс бо соли 2021, дар майдони 2744 гектар фаъолият мекунанд, ки дар соли гузашта 4746, 7 ҳазор тон зиёд машсулот ба бозор ироа кардаанд.Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта ба хотири пуштибонӣ аз рушди моҳипарварӣ дар кишвар 200 ҳазор моҳии худро миёни 41 хоҷагии моҳипарварӣ кӯмак кардааст. Як миқдори кӯмак ба хоҷагиҳои Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ихтисос ёфтааст, ки бо вуҷуди сардии бештари ҳаво дар ин вилоят зарар надидаанд.
https://sputnik.tj/20230124/mohiparvari-sugd-peshravi-kambudi-soha-1054427768.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/08/1031864661_72:0:2803:2048_1920x0_80_0_0_e69439b47a220916931a99c07a4a124a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кишоварзӣ, моҳипарварӣ, моҳӣ, ҳавои сард, сардӣ
тоҷикистон, кишоварзӣ, моҳипарварӣ, моҳӣ, ҳавои сард, сардӣ
“Сармои моҳикуш”: талаф ёфтани садҳо ҳазор моҳӣ дар Тоҷикистон
22:01 30.01.2023 (Навсозишуда: 14:41 31.01.2023) Сармои ахире, ки дар Тоҷикистон сар зада буд, беш аз як миллион моҳиро фақат дар ду хоҷагии моҳипарварии кишвар нобуд кардааст
ДУШАНБЕ, 30 янв – Sputnik. Ҷолиб ин аст, ки дар қиёс бо чорво моҳӣ пас аз мурдан низ метавонад мавриди истифода қарор гирад.
Қуобон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, ки таъсири сармо ба соҳаи кишоварзиро дар нишасти матбуотӣ шарҳ медод, гуфт, дар бархе хоҷагиҳо талафот ҳаст, вале кам, бештарини зарар ба ду хоҷагии моҳипарварии ноҳияи Ваҳдат расидааст.
“Зиёда аз 1 миллион моҳии хурде, ки барои парвариш пешбинӣ шуда буданд, дар пайи сардиҳо дар ин ду хоҷагӣ талаф ёфтанд”, - гуфт вай.
Дар шарҳи ин мавзуъ Музаффар Мирзозода, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, гуфт, талафоти бештаринро ду хоҷагии моҳидорӣ дар ноҳияи Ваҳдат, яке, “Баҳор” ва дигарӣ, “Форел” дидаанд, ки дар онҳо аксаран гулмоҳӣ парвариш дода мешавад.
“Моҳиҳои гармидӯстдор зарар надиданд, зеро мисли хирс ба хоби зимистона мераванд ва чизе намехӯранд ва ҳам дар қаъри об сукунат ихтиёр мекунанд. Моҳиҳои ба сардӣ тобовар, назири гулмоҳӣ, бештар осебпазиранд. аммо моҳӣ мисли чорвои талафёфта нест, ки хӯрданаш мумкин набошад”, - гуфт Музаффар Мирзозода.
Вай афзуд, талафоти бештарро хоҷагии “Баҳор” дидааст ва моҳиҳоеро, ки таги ях монда буданд, ҳамаро Агентии таъминоти махсуси назди ҳукумати Тоҷикистон харидорӣ ва дар сардхонаҳо оварда ҷобаҷо кард.
Тибқи иттилои вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар 372 хоҷагии моҳипарварӣ, 9 адад зиёд дар қиёс бо соли 2021, дар майдони 2744 гектар фаъолият мекунанд, ки дар соли гузашта 4746, 7 ҳазор тон зиёд машсулот ба бозор ироа кардаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта ба хотири пуштибонӣ аз рушди моҳипарварӣ дар кишвар 200 ҳазор моҳии худро миёни 41 хоҷагии моҳипарварӣ кӯмак кардааст. Як миқдори кӯмак ба хоҷагиҳои Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ихтисос ёфтааст, ки бо вуҷуди сардии бештари ҳаво дар ин вилоят зарар надидаанд.