Озарбойҷон интиқоли нафт ба Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

© Sputnik / Александр Гальперин / Гузариш ба медиабонкЖелезнодорожная цистерна с топливом в терминале
Железнодорожная цистерна с топливом в терминале - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2023
Обуна шудан
Чунин тавофуқ дар чаҳорчӯби нишасти Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳосил шудааст
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар Боку дар 6-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.
"Масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, молия, сармоягузорӣ ва бахши хусусӣ, бонкдорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш баррасӣ шуданд", - омадааст дар хабар.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки лоиҳаҳои мушаххасро дар самти таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодии (МОИ) Тоҷикистон амалӣ намоянд.
Аз ҷумла, интиқоли нафти хом аз Озарбойҷон барои эҳтиёҷоти як корхонаи коркарди нафт дар МОИ "Данғара", ҷалби сармоя барои бозсозии Корхонаи алюминиюми ​​Тоҷикистон, содироти алюминий, криолит ва фториди алюминӣ аз Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ карда шуд.
Торговый порт  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2023
Маскав дар содироти коло ба Тоҷикистон пешсаф аст
Гуфта мешавад, илова бар ин, тарҳҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тахфиф барои ҳамлу нақли роҳи оҳан, рушди сайёҳӣ, кашфи конҳои Тоҷикистон ва афзоиши гардиши дуҷониба амалӣ хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0