https://sputnik.tj/20230616/maskav-sodirot-kolo-tojikiston-peshsaf-1057744856.html
Маскав дар содироти коло ба Тоҷикистон пешсаф аст
Маскав дар содироти коло ба Тоҷикистон пешсаф аст
Sputnik Тоҷикистон
Давоми соли гузашта аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон миқдори зиёди маҳсулоти хӯрокворӣ, металлҳои сиёҳ ва доруворӣ фиристода шуд
2023-06-16T14:47+0500
2023-06-16T14:47+0500
2023-06-16T14:47+0500
дар русия
дар тоҷикистон
иқтисод
савдо
маскав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/19/1053056339_314:415:3217:2048_1920x0_80_0_0_f30b8c5865bc2cbe0539068c5a9e25b4.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Маркази содиротии Маскав барои ба бозорҳои байналхалқӣ баромадан ёрӣ мерасонад. Дар ин бора шаҳрдори пойтахти Русия Сергей Собянин хабар дод.Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2023 ин марказ иштироки ширкатҳои Маскавро дар намоишгоҳҳо дар Амороти Муттаҳидаи Араб, Эрон, Туркия, Марокаш, намояндагиҳои тиҷоратӣ ба Ҳиндустон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон ташкил кардааст. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 дар байни тамоми минтақаҳои Федератсияи Русия маҳз Маскав аз ҷиҳати содирот ба Тоҷикистон пешсаф буд.Қайд гардид, ки ба Тоҷикистон маҳсулоти озуқаворӣ, металлҳои сиёҳ ва доруворӣ аз ҳама беш фиристода шуд.Илова бар ин, ширкатҳои Маскав дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург бо намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон дар бораи вижагиҳои талабот, пешбарӣ ва мавқеъгирии худ дар бозори ҷумҳурӣ суолҳо доданд. Қаблан кишварҳои ИДМ аз рӯи шумораи қарордодҳо бо пули миллӣ бо Русия пешсаф буданд. Виктория Абрамченко, муовини нахуствазири Русия таъкид кард, дар соли 2023 беш аз 750 қарордод оид ба ғалла, нафт ва шакар бо пули миллӣ баста шуд, ки ин 1,5 млн тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20230616/overchuk-tojikiston-payvastan-iiao-khudash-tasmim-bigirad-1057738606.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/19/1053056339_351:0:3082:2048_1920x0_80_0_0_34664b4173282c0d1ba50673e30d25c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маскав тоҷикистон содирот коло
маскав тоҷикистон содирот коло
Маскав дар содироти коло ба Тоҷикистон пешсаф аст
Давоми соли гузашта аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон миқдори зиёди маҳсулоти хӯрокворӣ, металлҳои сиёҳ ва доруворӣ фиристода шуд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Маркази содиротии Маскав барои ба бозорҳои байналхалқӣ баромадан ёрӣ мерасонад.
Дар ин бора шаҳрдори пойтахти Русия Сергей Собянин хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2023 ин марказ иштироки ширкатҳои Маскавро дар намоишгоҳҳо дар Амороти Муттаҳидаи Араб, Эрон, Туркия, Марокаш, намояндагиҳои тиҷоратӣ ба Ҳиндустон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон ташкил кардааст.
"Шарикони хориҷӣ, аз ҷумла, ба пешрафтҳои мо дар соҳаи IT, сохтмон, маводҳои ороишӣ ва саноати хӯрокворӣ таваҷҷӯҳ доранд", - гуфт Собянин.
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 дар байни тамоми минтақаҳои Федератсияи Русия маҳз Маскав аз ҷиҳати содирот ба Тоҷикистон пешсаф буд.
Қайд гардид, ки ба Тоҷикистон маҳсулоти озуқаворӣ, металлҳои сиёҳ ва доруворӣ аз ҳама беш фиристода шуд.
Илова бар ин, ширкатҳои Маскав дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург бо намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон дар бораи вижагиҳои талабот, пешбарӣ ва мавқеъгирии худ дар бозори ҷумҳурӣ суолҳо доданд.
Қаблан кишварҳои ИДМ аз рӯи шумораи қарордодҳо бо пули миллӣ бо Русия пешсаф буданд. Виктория Абрамченко, муовини нахуствазири Русия таъкид кард, дар соли 2023 беш аз 750 қарордод оид ба ғалла, нафт ва шакар бо пули миллӣ баста шуд, ки ин 1,5 млн тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.