https://sputnik.tj/20230708/klassik-dzhaz-konsert-matsuev-dushanbe-aks-1058155760.html
Классик ва джаз: консерти Матсуев дар Душанбе чӣ тавр гузашт - акс
Классик ва джаз: консерти Матсуев дар Душанбе чӣ тавр гузашт - акс
Sputnik Тоҷикистон
Дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинӣ, ки ҳамагонро ҷамъ овард, баргузор гардид
2023-07-08T15:28+0500
2023-07-08T15:28+0500
2023-07-08T15:28+0500
дар тоҷикистон
русия
фарҳанг
рӯзи фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/07/1058151300_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_e0a62a007830b44d41dbe62bd4ad0ffb.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон дар Душанбе бо консерти пианинонавози маъруф Денис Матсуев ифтитоҳ ёфт. Чорабинӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд. Намоиши Матсуевро, ки дар он ҳунарпеша ҳамроҳ бо навозандагони ҷаз баромад кард, хабарнигори Sputnik Тоҷикистон тамошо кард.Надежда Реверенд, муовини вазири фарҳанги Русия, сухани ифтитоҳӣ кард. У муроҷиатномаи Олга Любимоваро хонд."Анъанаҳои баргузории ҷашнвораҳои фарҳанги миллӣ муҳимтарин ҷузъи ҳамкориҳои фарҳангии Русия ва Тоҷикистон ба шумор мераванд. Пояи дӯстии мустаҳками Русия ва Тоҷикистон муносибати эҳтиёткорона ба арзишҳо ва анъанаҳои маънавии мо, таваҷҷуҳ ба ҳифзи муштаракоти мероси фарҳангӣ мебошад", - гуфта мешавад дар муроҷиат.Муовини нахуствазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни суханронӣ дар ҷамъи ҳозирин изҳор дошт, ки ба шарофати дастгирии ҳукуматҳои Русияву Тоҷикистон ва президентҳо Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон равобити ду кишвар сол то сол мунтазам рушд мекунад. Дар қисми якуми консерт таҳти унвони "Ҳам классик ва ҳам ҷаз" пианинонавоз асарҳои классикиро навохт.Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон аз 7 то 11 июли соли 2023 баргузор мешаванд. Ҳайати 64 нафар аз ҳунармандони Русия вориди кишвар шуд - онҳо дар Душанбе ва Хуҷанд барномаҳои эҷодӣ баргузор мекунанд.
https://sputnik.tj/20230705/tafsiloti-barnomai-ruzho-farhangi-rusiya-tojikiston-1058101840.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/07/1058151300_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_9a63eb180911cd0668f528e9e6202a66.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
матсуев душанбе корсерт рӯзҳои фарҳанг тоҷикистон русия
матсуев душанбе корсерт рӯзҳои фарҳанг тоҷикистон русия
Классик ва джаз: консерти Матсуев дар Душанбе чӣ тавр гузашт - акс
Дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинӣ, ки ҳамагонро ҷамъ овард, баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон дар Душанбе бо консерти пианинонавози маъруф Денис Матсуев ифтитоҳ ёфт.
Чорабинӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд.
Намоиши Матсуевро, ки дар он ҳунарпеша ҳамроҳ бо навозандагони ҷаз баромад кард, хабарнигори Sputnik Тоҷикистон тамошо кард.

Денис Мацуев дал концерт в Душанбе

Денис Мацуев дал концерт в Душанбе

Денис Мацуев дал концерт в Душанбе

Зрители на концерте Дениса Мацуева в Душанбе

Денис Мацуев дал концерт в Душанбе
Денис Мацуев дал концерт в Душанбе
Денис Мацуев дал концерт в Душанбе
Денис Мацуев дал концерт в Душанбе
Зрители на концерте Дениса Мацуева в Душанбе
Денис Мацуев дал концерт в Душанбе
Надежда Реверенд, муовини вазири фарҳанги Русия, сухани ифтитоҳӣ кард. У муроҷиатномаи Олга Любимоваро хонд.
"Анъанаҳои баргузории ҷашнвораҳои фарҳанги миллӣ муҳимтарин ҷузъи ҳамкориҳои фарҳангии Русия ва Тоҷикистон ба шумор мераванд. Пояи дӯстии мустаҳками Русия ва Тоҷикистон муносибати эҳтиёткорона ба арзишҳо ва анъанаҳои маънавии мо, таваҷҷуҳ ба ҳифзи муштаракоти мероси фарҳангӣ мебошад", - гуфта мешавад дар муроҷиат.
Муовини нахуствазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни суханронӣ дар ҷамъи ҳозирин изҳор дошт, ки ба шарофати дастгирии ҳукуматҳои Русияву Тоҷикистон ва президентҳо Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон равобити ду кишвар сол то сол мунтазам рушд мекунад.
Дар қисми якуми консерт таҳти унвони "Ҳам классик ва ҳам ҷаз" пианинонавоз асарҳои классикиро навохт.
Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон аз 7 то 11 июли соли 2023 баргузор мешаванд. Ҳайати 64 нафар аз ҳунармандони Русия вориди кишвар шуд - онҳо дар Душанбе ва Хуҷанд барномаҳои эҷодӣ баргузор мекунанд.