https://sputnik.tj/20230705/tafsiloti-barnomai-ruzho-farhangi-rusiya-tojikiston-1058101840.html
Тафсилоти барномаи Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон
Тафсилоти барномаи Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бархе ҷузъияти барномаи Рӯзҳои фарҳангии Русияро дар кишвар нашр кард, ки дар Душанбе ва Хуҷанд баргузор мегарданд
2023-07-05T16:30+0500
2023-07-05T16:30+0500
2023-07-05T16:31+0500
фарҳанг
намоиш
мусиқӣ
театр
русия
душанбе
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102341/72/1023417257_0:25:1024:601_1920x0_80_0_0_5af97f16cf61fe39da0cd4c5cb99d517.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Аз 6 то 13 июли соли равон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Тоҷикистон баргузор мегарданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар додаст. Манбаъ афзуд, ҳайати 64-нафараи ҳунармандони Русия таҳти роҳбарии муовини вазири фарҳанги ин кишвар, Надежда Преподобная аз 6 то 8 июл дар Тоҷикистон қарор хоҳад дошт. Таъкид гардид, ки тайи рӯзҳои фарҳангӣ ҳунармандони Русия барномаҳои ҳунарии хешро дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанд баргузор менамоянд. Вазорати фарҳанг тавзеҳ дод, ки тибқи барнома ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанг ва консерти пианинанавози машҳур, Денис Матсуев рӯзи 7 июли соли 2023 соати 19:00 баргузор мегардад. Барномаи консертии Ансамбли давлатии академии рақси халқии "Налмэс"-и Адигея рӯзи 9 июл, соати 19:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. Ҳамчунин 7 июл, соати 11:00 ифтитоҳи намоиши Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия ва соати 11:30 муколама миёни осорхонаҳои ду кишвар баргузор мегарданд. Тибқи барномаи баргузории чорабинӣ сафари иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Русия ба шаҳри Хуҷанд 10 июл шурӯъ гардида, барномаҳои ҳунарӣ рӯзи 11 июл дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандӣ баргузор мегардад. Таъкид шудааст, ки боздиди ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, "Боғи Ирам" ва дигар мавзеъҳои ҷолибу дидании пойтахт ва шаҳри Хучанд дар назар дошта шудаст.
https://sputnik.tj/20230606/dushanbe-ruzho-farhang-rusiya-barguzor-1057575621.html
русия
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102341/72/1023417257_97:0:929:624_1920x0_80_0_0_f5f2660a092c7b67fa9d97be2f05bc1d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
барнома, рӯзҳо, фарҳангӣ, тоҷикистон, русия
барнома, рӯзҳо, фарҳангӣ, тоҷикистон, русия
Тафсилоти барномаи Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон
16:30 05.07.2023 (Навсозишуда: 16:31 05.07.2023) Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бархе ҷузъияти барномаи Рӯзҳои фарҳангии Русияро дар кишвар нашр кард, ки дар Душанбе ва Хуҷанд баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Аз 6 то 13 июли соли равон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар додаст.
Манбаъ афзуд, ҳайати 64-нафараи ҳунармандони Русия таҳти роҳбарии муовини вазири фарҳанги ин кишвар, Надежда Преподобная аз 6 то 8 июл дар Тоҷикистон қарор хоҳад дошт.
Таъкид гардид, ки тайи рӯзҳои фарҳангӣ ҳунармандони Русия барномаҳои ҳунарии хешро дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанд баргузор менамоянд.
"Аз ҷумла пианинанавози машҳур, ҳунарпешаи халқии Русия, Денис Матсуев, Ансамбли давлатии академии рақси халқии "Налмэс"-и ҷумҳурии Адигея дар ин рӯзҳо бо барномаҳои ҷолибу диданӣ баромад хоҳанд кард", - омадааст дар иттилоия.
Вазорати фарҳанг тавзеҳ дод, ки тибқи барнома ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанг ва консерти пианинанавози машҳур, Денис Матсуев рӯзи 7 июли соли 2023 соати 19:00 баргузор мегардад.
Барномаи консертии Ансамбли давлатии академии рақси халқии "Налмэс"-и Адигея рӯзи 9 июл, соати 19:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.
Ҳамчунин 7 июл, соати 11:00 ифтитоҳи намоиши Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия ва соати 11:30 муколама миёни осорхонаҳои ду кишвар баргузор мегарданд.
Тибқи барномаи баргузории чорабинӣ сафари иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Русия ба шаҳри Хуҷанд 10 июл шурӯъ гардида, барномаҳои ҳунарӣ рӯзи 11 июл дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандӣ баргузор мегардад.
Таъкид шудааст, ки боздиди ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, "Боғи Ирам" ва дигар мавзеъҳои ҷолибу дидании пойтахт ва шаҳри Хучанд дар назар дошта шудаст.