Дар Хатлон нархи картошка гарон шуд: сабаб

Картофель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2023
Обуна шудан
Дар ҳоле, ки дар аксар манотиқи Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили картошка ҷараён дорад ва нарх бояд арзон шавад, вале дар Хатлон баръакс арзиши он гарон шуд
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Сокинони вилояти Хатлон аз гарон шудани нархи картошка изҳори нигаронӣ мекунанд, хабар медиҳад агентии "Фараж".
Ба иттилои манбаъ, давоми чанд рӯзи ахир нархи 1 кг картошка то ба 8 сомонӣ расид, ки мардумро нигарон намудааст. Зеро дар аксар минтақаҳо ҳоло ҷамъоварии ҳосили картошка ҷараён дорад ва нархи он бояд баръакс паст фарояд.
Манбаъ аз қавли як масъули Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории вилояти Хатлон хабар дод, ки иллати гарон шудани картошка сардиҳои зимистон ва ҳамчунин ҳавои чангу ғубор, ки дер боз ин вилоятро домангир аст.
Сезонные рабочие собирают урожай картофеля в фермерском хозяйстве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2023
Иҷрои нақшаи кишти картошка дар Суғд
Гуфта мешавад, имсол дар вилояти Хатлон ҳам дар бахши ҷамъиятӣ ва ҳам хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 5,7 ҳазор га замин кишти картошка гузаронида шудаст, ки ин рақам нисбати соли гузашта 39 гектар кам аст.
Зимнан, соли ҷорӣ бояд дар вилоят 122 513 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шавад.
Ҳамин тариқ, то 1 июн 88 637 тон картошка ҷамъоварӣ шуд, ки ин 72% нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳияҳои баландкуҳ, аз ҷумла Ховалинг, Балҷувон, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва дигар ноҳияҳо ҳоло ҷамъоварии картошка шуруъ нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0