Иҷрои нақшаи кишти картошка дар Суғд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкСезонные рабочие собирают урожай картофеля в фермерском хозяйстве
Сезонные рабочие собирают урожай картофеля в фермерском хозяйстве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2023
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғд ахиран хабар додааст, ки кишти картошкаи барвақтӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 100 фоиз иҷро шудааст
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Дар машварати корӣ, ки бо ҳузури раиси вилояти Суғд баргузор шуд, муовини Раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо гуфт, кишти картошка 18 ҳазору 500 гектар, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 27 ҳазор гектар ба нақша гирифта шуда, аз он 1 ҳазору 206 гектараш картошкаи барвақтӣ мебошад.
“Дурнамои кишти картошкаи барвақтӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Панҷакент 100 фоиз иҷро шудааст”, - таъкид кард оқои Мирдадо.​
Ҳамзамон дар машварати корӣ зикр карда шуд, ки яке аз масъалаҳои муҳим ин таъмини киштзор бо оби полезӣ ба шумор меравад.
Трактористы на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2023
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Суғд
Ба иттилои мақомот бо ин мақсад барои саривақт ба мавсими обёрӣ омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасонии вилоят аз ҳисоби буҷети вилоят 11,8 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардид.
Дар навбати худ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини соҳаи кишоварзӣ, идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, шабакаҳои барқӣ супориш дод, ки дар мавсими нави обёрӣ масъулияти бештар ҳис намоянд.​
Раиси вилоят дастур дод, ки сохторҳои дахлдор фаъолияти худро дар самти обёрӣ ҳамоҳанг намуда, дар мавсими нав бо омодагии комил фаъолиятро ба роҳ монда, ба дастовардҳои бештра ноил гарданд.​
Лентаи хабарҳо
0