https://sputnik.tj/20230707/shahri-dushanbe-amaliyoti-kuknor-2023-meguzarad-1058131944.html
Дар шаҳри Душанбе амалиёти "Кӯкнор-2023" мегузарад
Дар шаҳри Душанбе амалиёти "Кӯкнор-2023" мегузарад
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷаласаи ахири Ситоди шаҳрӣ масъалаи бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунӣ маводи мухаддир ва роҳу василаҳои пешгирии истифодаи он баррасӣ шуд
2023-07-07T13:59+0500
2023-07-07T13:59+0500
2023-07-07T13:59+0500
дар тоҷикистон
маводи мухаддир
ситод
амалиёт
кӯкнор
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102567/92/1025679225_0:0:2601:1463_1920x0_80_0_0_6ec863112cd28ffcd17f52bc489248a5.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ дар бораи роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолият барои гузаронидани амалиёти "Кӯкнор-2023" баргузор гардид.Дар ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.Иттилоъ дода шудааст, ки аъзои ситод роҷеъ ба ошкору нобуд кардани растаниҳои нашъаовари худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, тақвият бахшидан ба муборизаи зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунӣ, роҳу василаҳои пешгирии истифодаи маводи нашъаовар, ҳамкорӣ намудан бо мақомоти салоҳиятдори давлатӣ барои решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб ибрози андеша намуданд.Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки дар ҷаласа рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе "Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи кори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум ва комиссияҳои доимию муваққатӣ барои соли 2023" барои таъмини камолоти фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон таҳлил ва омӯзиши вазъи иҷрои нақша – чорабиниҳо оид ба татбиқи "Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025" дар ҳудуди шаҳри Душанбе муҳокима гардид.Инчунин таҳлили вазъи фаъолияти шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вобаста ба муайян кардани ҳолати риояи қонунгузории соҳа ва ҳуқуқу озодиҳои ронандагон баррасӣ карда шуда.Қайд карда шудааст, ки дар робита ба масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдори ҷаласаи Комиссия қабул карда шуд.
https://sputnik.tj/20230704/rahmon-qochoq-mavod-mukhaddir-afghoniston-khatarzo-1058070877.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102567/92/1025679225_144:0:2457:1735_1920x0_80_0_0_16e6aff7098fdf823ff400fa8837e54b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, амалиёт, кукнор, ситоди шаҳрӣ, бастани роҳ, пешгири, истифода, маводи мухаддир
тоҷикистон, душанбе, амалиёт, кукнор, ситоди шаҳрӣ, бастани роҳ, пешгири, истифода, маводи мухаддир
Дар шаҳри Душанбе амалиёти "Кӯкнор-2023" мегузарад
Дар ҷаласаи ахири Ситоди шаҳрӣ масъалаи бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунӣ маводи мухаддир ва роҳу василаҳои пешгирии истифодаи он баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ дар бораи роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолият барои гузаронидани амалиёти "Кӯкнор-2023" баргузор гардид.
Дар ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
Иттилоъ дода шудааст, ки аъзои ситод роҷеъ ба ошкору нобуд кардани растаниҳои нашъаовари худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, тақвият бахшидан ба муборизаи зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунӣ, роҳу василаҳои пешгирии истифодаи маводи нашъаовар, ҳамкорӣ намудан бо мақомоти салоҳиятдори давлатӣ барои решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб ибрози андеша намуданд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки дар ҷаласа рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе "Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи кори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум ва комиссияҳои доимию муваққатӣ барои соли 2023" барои таъмини камолоти фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон таҳлил ва омӯзиши вазъи иҷрои нақша – чорабиниҳо оид ба татбиқи "Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025" дар ҳудуди шаҳри Душанбе муҳокима гардид.
Инчунин таҳлили вазъи фаъолияти шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вобаста ба муайян кардани ҳолати риояи қонунгузории соҳа ва ҳуқуқу озодиҳои ронандагон баррасӣ карда шуда.
Қайд карда шудааст, ки дар робита ба масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдори ҷаласаи Комиссия қабул карда шуд.