Тоҷикистон мехоҳад сохтмони лӯлаи газ ба Чинро суръат бахшад

© Sputnik / Дмитрий Лельчук / Гузариш ба медиабонкТрубы для строительства газопровода.
Трубы для строительства газопровода. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Чин масъалаи бунёди лӯлаи газ, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим дониста мешавад, баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Ли Тсян ҳамкориҳои энержии кишварҳо баррасӣ шуд.
Раҳмон бар аҳамияти оғози фаврии сохтмони лӯлаи ҷадиди гоз ба Чин, ки бояд аз қаламрави Тоҷикистон гузарад, таъкид кард.
Сухан дар бораи суръат бахшидани сохтмони хатти "D"-и лӯлаи газ меравад, ки тавасути Туркманистон – Ӯзбекистон – Тоҷикистон – Қирғизистон – Чин мегузарад.
"Мо дар татбиқи муштараки лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика ва нафту газ имконоти бузург мебинем", - гуфт раҳбари Тоҷикистон ва афзуд, ки ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ дар ин соҳа таҷрибаи ғанӣ ҷамъ кардааст.
Раҳмон иштироки Чин дар як тарҳи муштарак дар бахши энержи, ки дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, аз ҷумла сохтмони НБО бо иқтидорҳои гуногун ва тавсеаи хатҳои интиқоли барқ муҳим донист.
Председатель КНР Си Цзиньпин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2018
Тоҷикистон 9,4 ҳазор гектарро барои сохтмони лӯлаи газ ба Чин ҷудо кард
Қобили зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бузургтарин таъминкунандаи газ ба Чин кишвари Туркманистон аст.
Аз он ҷо интиқоли газ тавассути 3 шоха, аз ҷумла тавассути Ӯзбекистон ва Қазоқистон сурат мегирад. Хатти чорум бояд аз хоки Тоҷикистон гузарад.
Пас аз ҷорӣ шудани он, интиқоли гази Туркманистон ба Чин метавонад дар як сол то 65 миллиард метри мукааб газ афзоиш ёбад.
Лентаи хабарҳо
0