Денис Матсуев ба Душанбе омад

© Дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ТоҷикистонПианинанавози машҳур, ҳунарманди халқии Русия, Денис Матсуев ба Тоҷикистон омад
Пианинанавози машҳур, ҳунарманди халқии Русия, Денис Матсуев ба Тоҷикистон омад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2023
Обуна шудан
Дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ консерти пианинанавози машҳур, ҳунарманди халқии Русия баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Барои иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон, пианинанавози машҳури рус, Денис Матсуев ба шаҳри Душанбе омад.
Ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, меҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, муовини вазири фарҳанги кишвар, Манучеҳр Шарифзода истиқбол гирифт.
Манбаъ афзуд, ки пас аз ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ консерти пианинанавоз ва ҳунарманди халқии ФР, Матсуев баргузор мегардад.
Инчунин муовини вазири фарҳанги Русия Надежда Преподобная низ ба шаҳри Душанбе омад.
Дни культуры России в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2023
Тафсилоти барномаи Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон
Вай дар ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Русия ва як қатор чорабиниҳои дигари фарҳангӣ иштирок мекунад.
Ҳамчунин тибқи барномаи рӯзҳои фарҳангӣ, консертии Ансамбли давлатии академии рақси халқии "Налмэс"-и Адигея рӯзи 9 июл, соати 19:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.
Сафари иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд 10 июл шурӯъ гардида, барномаҳои ҳунарӣ рӯзи 11 июл дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор мегардад.
Инчунин боздиди ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, "Боғи Ирам" ва дигар мавзеъҳои ҷолибу дидании пойтахт ва шаҳри Хучанд дар назар дошта шудаст.
Лентаи хабарҳо
0