https://sputnik.tj/20230706/shahrvandon-tojikiston-gumon-tarhrezi-hamla-terorrist-olmon-bozdosht-1058117132.html
Шаҳрвандони Тоҷикистон ба гумони тарҳрезии ҳамлаи терорристӣ дар Олмон боздошт шуданд
Шаҳрвандони Тоҷикистон ба гумони тарҳрезии ҳамлаи терорристӣ дар Олмон боздошт шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Як туркман ва як қирғиз низ боздошт шудаанд. Гумонбаршудагон бо истифода аз асноди қалбакӣ бо ниқоби паноҳандагон тариқи Украина вориди Аврупо шуданд
2023-07-06T14:55+0500
2023-07-06T14:55+0500
2023-07-06T14:55+0500
дар тоҷикистон
олмон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
терроризм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/06/1058115406_0:260:3179:2048_1920x0_80_0_0_f7ecff841554a9002e32024795cc697a.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Нерӯҳои вижаи Олмон барои боздошти 7 муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, умдатан тоҷикон, ки дар тарҳрезии ҳамлаи террористӣ дар он кишвар гумонбар мешуданд, амалиёти густурда анҷом дод.Ба навиштаи нашрияи Bild, бо такя ба додситонӣ, бархе аз боздоштшудаҳо бо истифода аз асноди қалбакӣ бо ниқоби паноҳандагон тариқи Украина вориди Аврупо шудаанд.Сухан дар бораи мардони точик меравад, инчунин як туркману як киргиз. Ҳамаи онҳо бо созмони "Вилояти Хуросон"* - бахши афғонистонии ДОИШ* иртибот доштанд.Додситонӣ тавзеҳ додааст, ки гумонбаршудагон дар баҳори соли 2022 ба Олмон омадаанд ва на дертар аз моҳи июн он ҷо созмони террористӣ ташкил кардаанд.Моди: Вазъ дар Афғонистон ба амнияти кишварҳои СҲШ таъсир мерасонадҚаблан намояндагони СҲШ аз эҳтимоли густариши ифротгароӣ аз Афғонистон ба кишварҳои дигар изҳори нигаронӣ карда буданд.Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфт: "Афғонистони осоишта, ки аз терроризм ва қочоқи маводи мухаддир озод аст, ба манфиати Созмони ҳамкории Шанхай аст".* Дар Русия ва Тоҷикистон фаъолияти созмонҳои террористӣ мамнӯъ аст.
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/06/1058115406_448:0:3179:2048_1920x0_80_0_0_6e5c20144c96aab977e4b3ce06c4753e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
олмон тоҷикистон ҳамла террористӣ
олмон тоҷикистон ҳамла террористӣ
Шаҳрвандони Тоҷикистон ба гумони тарҳрезии ҳамлаи терорристӣ дар Олмон боздошт шуданд
Як туркман ва як қирғиз низ боздошт шудаанд. Гумонбаршудагон бо истифода аз асноди қалбакӣ бо ниқоби паноҳандагон тариқи Украина вориди Аврупо шуданд
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Нерӯҳои вижаи Олмон барои боздошти 7 муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, умдатан тоҷикон, ки дар тарҳрезии ҳамлаи террористӣ дар он кишвар гумонбар мешуданд, амалиёти густурда анҷом дод.
Ба навиштаи нашрияи Bild, бо такя ба додситонӣ, бархе аз боздоштшудаҳо бо истифода аз асноди қалбакӣ бо ниқоби паноҳандагон тариқи Украина вориди Аврупо шудаанд.
"Гумонбаршудагон ҳамлаҳои террористиро дар рӯҳияи "Давлати исломӣ"* тарҳрезӣ кардаанд. Онҳо инчунин кӯшиши ба даст овардани силоҳро доштанд ва шояд аллакай ҳадафҳои эҳтимолиро назорат мекарданд", - гуфт додситонӣ.
Сухан дар бораи мардони точик меравад, инчунин як туркману як киргиз. Ҳамаи онҳо бо созмони "Вилояти Хуросон"* - бахши афғонистонии ДОИШ* иртибот доштанд.
Додситонӣ тавзеҳ додааст, ки гумонбаршудагон дар баҳори соли 2022 ба Олмон омадаанд ва на дертар аз моҳи июн он ҷо созмони террористӣ ташкил кардаанд.
Қаблан намояндагони СҲШ аз эҳтимоли густариши ифротгароӣ аз Афғонистон ба кишварҳои дигар изҳори нигаронӣ карда буданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфт: "Афғонистони осоишта, ки аз терроризм ва қочоқи маводи мухаддир озод аст, ба манфиати Созмони ҳамкории Шанхай аст".
* Дар Русия ва Тоҷикистон фаъолияти созмонҳои террористӣ мамнӯъ аст.