Ифтитоҳи корхонаи металлургии мисгудозӣ дар шаҳри Панҷакент

© пресс-служба президента ТаджикистанаИфтитоҳи Қасри паҳлавонони суғдӣ ва майдончаи бозии футбол дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ
Ифтитоҳи Қасри паҳлавонони суғдӣ ва майдончаи бозии футбол дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари кориаш ба Суғд дар шаҳри Панҷакент ба фаъолияти Корхонаи металлургии мисгудозӣ оғоз бахшид
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакент рафт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти президенти кишвар.
Нахуст президенти Тоҷикистон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Корхонаи металлургии мисгудозӣ, пойгоҳи кислароди адсербтсионӣ, коргоҳи обтозакунию коркарди дубораи партов, полоишгоҳи рақами 3 дар корхонаи муштараки “Зарафшон” оғоз бахшид.
Ба иттилои манбаъ, дар дастгоҳи марказии идоракунии корхонаи нав раисҷумҳур бо пахши тугма дастгоҳҳои пуриқтидори истеҳсолиро ба кор даровард ва ҳамин тавр Корхонаи металлургии мисгудозӣ ба истеҳсоли аввалин маҳсулоти худ шуруъ намуд.
Иттилоъ дода шудааст, ки коргоҳи мазкур, ки ба истеҳсоли миси стандарти катодӣ машғул аст, иқтидори коркарди 165 ҳазор тонна консентрати дорои мис ва тиллоро дар як сол дошта, маҳсулоти ниҳоии аълосифатро аз он истеҳсол менамояд.
Ифтитоҳи Беморхонаи минтақавии № 2-и деҳаи Урметани деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2023
Аз бинои Беморхона то қасри фарҳанг: Идомаи сафари Раҳмон ба ноҳияи Айнӣ
Аз ин миқдор консентрати коркардшуда дар навбати аввал 4,5 ҳазор тонна миси катодӣ, ҳамчунин ба миқдори муайян тилло ва нуқра истеҳсол карда мешавад.
Таъкид шудааст, ки то ба имрӯз хокаи консентрати дорои мис ҳамчун ашёи хом ба дигар давлатҳо барои коркарду истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ содирот карда мешуд.
Корхона ба хотири роҳандозии коркарди пурраву истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз бойгариҳои табиии Тоҷикистон бунёд гардида, дар оянда миси катодии истеҳсолгардида чун маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда пешниҳоди харидорон карда мешавад.
Корхонаи муштараки “Зарафшон” феълан коркарди конҳои “Таррор”, “Ҷилав”, “Олимпики”, “Хирсхона”, кони оҳаксанги “Даҳани мазор” ва регу шағали “Моғиёндарё”-ро ба роҳ мондааст.
Зикр гардидидааст, ки барои истеҳсоли миси стандарти катодӣ кансентрати кони “Таррор” истифода бурда мешавад, ки барои фаъолияти мунтазаму босамари ин коргоҳ кони мазкур захираи зарурии ашёи хомро доро мебошад.
Ифтитоҳи Корхонаи маъдантозакунии ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар ноҳияи Айнӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2023
Оғози сафари 4-рӯзаи Раҳмон ба Суғд: Ифтитоҳи корхонаи маъдантозакунӣ дар Айнӣ
Қайд карда шудааст, ки корҳои ҷустуҷӯиву геологӣ барои дарёфти сарчашмаҳои нави ашёи хом дар минтақаи мазкур бо ҷалби мутахассисон минбаъд роҳандозӣ карда мешавад. Ҳамчунин дар оянда ашёи хом барои коркард аз дигар конҳои ҳудуди ҷумҳуриву хориҷи мамлакат низ ворид карда мешавад.
Ин коргоҳи азими саноатӣ бо саҳми ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Корпоратсияи кӯҳкории “ЗИҶИН”-и Чин бунёд гардидааст.
Тибқи маълумоти масъулин, дар 6 моҳи соли ҷорӣ Корхонаи муштараки “Зарафшон” ба маблағи зиёда аз 2,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст.
Дар ин давра ҳамчунин истеҳсоли хокаи бойгардонидашуда 23,1 ҳазор тоннаро ташкил дод ва ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта ба 18,4 ҳазор тонна баробар буд.
Лентаи хабарҳо
0