https://sputnik.tj/20230705/vmkb-nigahdori-yodgorihoi-tarikhi-barqarorsozi-mavzeho-1058086054.html
Таъкиди раиси ВМКБ ба нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ
Таъкиди раиси ВМКБ ба нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти ВМКБ ҳифз ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ, аз нав барқарор намудани мавзеъҳои таърихӣ, ташвиқу тарғиби маконҳои сайёҳӣ муҳим медонад
2023-07-05T10:35+0500
2023-07-05T10:35+0500
2023-07-05T19:53+0500
дар тоҷикистон
вмкб
ёдгориҳо
таърихӣ
нигаҳдорӣ
алишер мирзонабот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/05/1058085887_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_2ed761efe188655056111d91034879a3.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, даъвати шашум баргузор гардид.Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои “Ҳифз ва омӯзиши петроглифҳои Лангари ноҳияи Ишкошим, оташкадаҳои Боғеви ноҳияи Шуғнон ва ёдгории археологии “Южбок” - и қалъаи Ҷирӯҷи Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.Раиси ВМКБ зимни баррасии масъалаҳои иҷлосия таваҷҷуҳи вакилони халқро ба ҳифз ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ, аз нав барқарор намудани мавзеъҳои таърихӣ, ташвиқу тарғиби маконҳои сайёҳӣ ба хотири ҷалб ҷаҳонгардон ба минтақа ҷалб кард.Вай гуфт, ки яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи кишоварзӣ, ин истифодаи дуруст ва самараноки ҳар як ваҷаб замин мебошад.Мирзонабот Алишер аз раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба қабули дурусти қарорҳо дар масъалаи истифодаи оқилонаи замин пурсон шуда, барои минбаъд роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳои замин супоришҳои мушаххас доданд.Дар иҷлосия таъкид гардид, ки ВМКБ дорои замини ками кишоварзӣ буда, аз гардиши кишоварзи берун намондани тамоми заминҳои корам бояд ҳамеша зери назари раисони шаҳру ноҳияҳо қарор дошта бошад.Дар росто, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва масъулини Кумитаи замини вилоят вазифадор гардиданд, ки дар солҳои минбаъда барои ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои зери алафи бегона ва боир тадбирҳои судманд андешанд.
https://sputnik.tj/20230630/vmkb-komissiya-hukumat-raf-oqibat-vaz-favqulodda-1057997795.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/05/1058085887_0:0:968:726_1920x0_80_0_0_d6f0a8800ae265dc6cff0dfd37d122a6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон вмкб, алишер мирзонабот, нигаҳдорӣ, ёлгориҳои таърихӣ, мавзеъҳои таърихӣ, маконҳои сиайёҳӣ
тоҷикистон вмкб, алишер мирзонабот, нигаҳдорӣ, ёлгориҳои таърихӣ, мавзеъҳои таърихӣ, маконҳои сиайёҳӣ
Таъкиди раиси ВМКБ ба нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ
10:35 05.07.2023 (Навсозишуда: 19:53 05.07.2023) Мақомоти ВМКБ ҳифз ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ, аз нав барқарор намудани мавзеъҳои таърихӣ, ташвиқу тарғиби маконҳои сайёҳӣ муҳим медонад
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои “Ҳифз ва омӯзиши петроглифҳои Лангари ноҳияи Ишкошим, оташкадаҳои Боғеви ноҳияи Шуғнон ва ёдгории археологии “Южбок” - и қалъаи Ҷирӯҷи Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Раиси ВМКБ зимни баррасии масъалаҳои иҷлосия таваҷҷуҳи вакилони халқро ба ҳифз ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ, аз нав барқарор намудани мавзеъҳои таърихӣ, ташвиқу тарғиби маконҳои сайёҳӣ ба хотири ҷалб ҷаҳонгардон ба минтақа ҷалб кард.
Вай гуфт, ки яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи кишоварзӣ, ин истифодаи дуруст ва самараноки ҳар як ваҷаб замин мебошад.
Мирзонабот Алишер аз раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба қабули дурусти қарорҳо дар масъалаи истифодаи оқилонаи замин пурсон шуда, барои минбаъд роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳои замин супоришҳои мушаххас доданд.
Дар иҷлосия таъкид гардид, ки ВМКБ дорои замини ками кишоварзӣ буда, аз гардиши кишоварзи берун намондани тамоми заминҳои корам бояд ҳамеша зери назари раисони шаҳру ноҳияҳо қарор дошта бошад.
Дар росто, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва масъулини Кумитаи замини вилоят вазифадор гардиданд, ки дар солҳои минбаъда барои ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои зери алафи бегона ва боир тадбирҳои судманд андешанд.