Дар Тоҷикистон имтиҳоноти дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар оғоз шуд.

Солҳост, ки дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии олии кишвар аз тариқи имтиҳоноти марказонидашуда сурат мегирад.

Раванди имтиҳонсупорӣ таҳти назорати Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон қарор дорад.

Ин ниҳод таъкид мекунад, ки имкони тақаллуб дар имтиҳоноти дохилшавӣ нест.

Марказ шаффофияту адолатро аз муҳимтарин усули кораш хонда, таъмини онро дар ҳамаи раванду марҳалаҳои имтиҳоноти дохилшавӣ кафолат додаст.

Барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо дар заминаи беш аз 40 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудаанд.

Таъкид шудааст, ки дар 20 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷамъан беш аз 1,1 ҳазор синфхона барои баргузории имтиҳонҳо омода карда шудааст.

Ба гуфтаи масъулин, мисли солҳои қаблӣ раванди имтиҳонсупорӣ дар ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ дар ҳолати онлайн дар Марказ пахш карда мешавад.

Барои ин ҳар як маркази имтиҳонӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст.

Имтиҳонот хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳоро муайян мекунанд.

Эълони натиҷаи имтиҳонот то 20 июли соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар рӯзҳои имтиҳонсупорӣ хешу табори довталабон низ ба нуқтаҳои имтиҳонсупорӣ омада, дар берун онҳоро мунтазир мемонанд.