https://sputnik.tj/20230705/imtihonot-dokhilshavi-donishgoh-aks-1058097075.html
Бо изи ангушту таҳти назорати камера: гузориши аксӣ аз рафти имтиҳоноти дохилшавӣ
Бо изи ангушту таҳти назорати камера: гузориши аксӣ аз рафти имтиҳоноти дохилшавӣ
Sputnik Тоҷикистон
Маркази миллии тестии Тоҷикистон таъкид намуд, ки имтиҳоноти дохилшавӣ шаффофу мунсифона баргузор шуда, ҳар кас вобаста ба қобилияташ баҳо хоҳад гирифт
2023-07-05T19:42+0500
2023-07-05T19:42+0500
2023-07-05T19:42+0500
акс
гузориши аксӣ
имтиҳоноти дохилшавӣ
дар тоҷикистон
маориф
довталаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/05/1058091998_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_aaa7f852a1bca54b64424d2ea8e03ba4.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/05/1058091998_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_5a287fb27afd2c6135b45e9adb60accc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рафт, имтиҳонсупорӣ, гузориш, аксӣ, марҳила, интихобот
рафт, имтиҳонсупорӣ, гузориш, аксӣ, марҳила, интихобот
Бо изи ангушту таҳти назорати камера: гузориши аксӣ аз рафти имтиҳоноти дохилшавӣ
Маркази миллии тестии Тоҷикистон таъкид намуд, ки имтиҳоноти дохилшавӣ шаффофу мунсифона баргузор шуда, ҳар кас вобаста ба қобилияташ баҳо хоҳад гирифт

Дар Тоҷикистон имтиҳоноти дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар оғоз шуд.

Солҳост, ки дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии олии кишвар аз тариқи имтиҳоноти марказонидашуда сурат мегирад.

Раванди имтиҳонсупорӣ таҳти назорати Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон қарор дорад.

Ин ниҳод таъкид мекунад, ки имкони тақаллуб дар имтиҳоноти дохилшавӣ нест.

Марказ шаффофияту адолатро аз муҳимтарин усули кораш хонда, таъмини онро дар ҳамаи раванду марҳалаҳои имтиҳоноти дохилшавӣ кафолат додаст.

Барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо дар заминаи беш аз 40 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудаанд.

Таъкид шудааст, ки дар 20 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷамъан беш аз 1,1 ҳазор синфхона барои баргузории имтиҳонҳо омода карда шудааст.

Ба гуфтаи масъулин, мисли солҳои қаблӣ раванди имтиҳонсупорӣ дар ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ дар ҳолати онлайн дар Марказ пахш карда мешавад.

Барои ин ҳар як маркази имтиҳонӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст.

Имтиҳонот хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳоро муайян мекунанд.

Эълони натиҷаи имтиҳонот то 20 июли соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар рӯзҳои имтиҳонсупорӣ хешу табори довталабон низ ба нуқтаҳои имтиҳонсупорӣ омада, дар берун онҳоро мунтазир мемонанд.