Вазорати дифои Русия аз ҳамлаи бесарнишинҳо ба вилояти Маскав гуфт: нобуд шуданд

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкПроведение спецоперации ВС РФ в южном направлении
Проведение спецоперации ВС РФ в южном направлении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2023
Обуна шудан
Вазорати дифоъ мегӯяд, панҷ ҳавопаймои бесарнишини Қувваҳои Мусаллаҳи Украина кӯшиш карданд, ки дар Маскави Нав ва вилояти Маскав ҳамла анҷом диҳанд
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Падофанди ҳавоӣ аз кӯшиши Украина барои анҷоми ҳамлаи террористӣ бо панҷ ҳавопаймои бесарнишин ба объектҳои Маскав ва минтақаи атрофи он ҷилавгирӣ кард.
Дар ин бора рӯзи сешанбе дар вазорати дифоъи Русия хабар доданд.
"Субҳи имрӯз кӯшиши режими Киев барои анҷоми ҳамлаи террористӣ аз ҷониби панҷ ҳавопаймои бесарнишин ба объектҳои вилояти Маскав ва Маскави Нав ҷилавгирӣ шуд", - омадааст дар паём.
Гуфта мешавад, ки чаҳор ҳавопаймои бесарнишини украинӣ дар қаламрави Новая Маскави Нав тавассути системаҳои дифои ҳавоӣ нобуд карда шуданд.
Як паҳбоди дигар тавассути дастгоҳи электронӣ пахш карда шуд ва дар ҳудуди ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав суқут кард.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Моро таҳрик доданиянд": Путин дар бораи ҳамлаи бесарнишинҳо ба Маскав
"Дар натиҷаи ҳамлаи террористии ҷилавгирӣ шуда талафот ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст", - гуфтанд дар вазорати дифоъ.
Ин аввалин талоши ҳамлаи террористии режими Киев нест, ки маҳкум ба шикаст мешавад.
Қаблан, субҳи 30 май низ Украина чунин талошро анҷом дода буд.
Он ҳамла бо 8 адад ҳавопаймои бесарнишин роҳандозӣ гардид, ки 5-тоаш аз комплекси зенитӣ дар вилояти Маскав сарнагун шуда, 3-тоаш бо дастгоҳи электронӣ пахш карда шуда, аз ҳадафҳои пешбинишуда дур шуданд.
Лентаи хабарҳо
0