https://sputnik.tj/20230530/tahrik-putin-hamlai-besarnishin-1057446256.html
"Моро таҳрик доданиянд": Путин дар бораи ҳамлаи бесарнишинҳо ба Маскав
"Моро таҳрик доданиянд": Путин дар бораи ҳамлаи бесарнишинҳо ба Маскав
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Русия аз низоми мудофиаи зидди ҳавоӣ дар Маскав изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намудаст, ки он ба таври штатӣ - қаноатбахш кор кард
2023-05-30T20:20+0500
2023-05-30T20:20+0500
2023-05-30T20:20+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
владимир путин
амалиёт
низомӣ
сиёсат
ҳавопаймои бесарнишин
украина
ҳамлаи террористӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1e/1057444082_0:0:3103:1745_1920x0_80_0_0_c34ef0e8a6927af164f55332371c5859.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Ҳамла ба иншооти осоишта дар Маскав хусусияти террористии мақомоти Украинаро тасдиқ мекунад, изҳор дошт раисҷумҳури Русия, Владимир Путин. Ба гуфтаи вай, нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар қаламрави Украина танҳо зерсохтори низомӣ ва анбори лавозимоти ҷангиро нобуд месозанд, ки мувофиқ ба яке аз мақсадҳои амалиёти вижа - ғайринизомисозӣ мебошад. Ба гуфтаи президент, низоми мудофиаи ҳавоии Маскав дар вақти ҳамлаи бесарнишинҳо "қаноатбахш" кор кард. "Умуман маълум аст, ки барои пӯшиши бештари мудофиаи ҳавоии пойтахт чӣ корҳо бояд анҷом дода шаванд ва мо ин корро мекунем", - афзуд ӯ. Раисҷумҳур афзуд, ки Киев Маскавро таҳрик доданист ва мардуми Украина бояд донад, ки роҳбарияти феълии кишвар сӯи чӣ тела дода истодааст. Ёдовар мешавем, ба иттилои Вазорати мудофиаи Русия, субҳи 30 май Украина бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ба объектҳои Маскав ҳамлаи террористӣ анҷом дод. Ин ҳамла бо 8 адад ҳавопаймои бесарнишин роҳандозӣ гардид, ки 5-тоаш аз комплекси зенитӣ дар вилояти Маскав сарнагун шуда, 3-тоаш бо ҷанги электронӣ пахш карда шуда, аз ҳадафҳои пешбинишуда дур шуданд. Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин низ гуфт, ки бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин дар чанд бино хисороти ночиз рух додааст. Ба гуфтаи ӯ, ду сокини Маскав барои кумаки пизишкӣ муроҷиат кардаанд, аммо барои касе хобондан дар бемористон зарур нашуд.
https://sputnik.tj/20230530/amaliyot-vizha-nizom-artish-rusiya-artyomovsk-1057445221.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1e/1057444082_238:0:2967:2047_1920x0_80_0_0_6d1ce2d1385f954bde147a37825f4769.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вокуниш, ҳамла, бесарнишин, маскав, ҳавоӣ
вокуниш, ҳамла, бесарнишин, маскав, ҳавоӣ
"Моро таҳрик доданиянд": Путин дар бораи ҳамлаи бесарнишинҳо ба Маскав
Роҳбари Русия аз низоми мудофиаи зидди ҳавоӣ дар Маскав изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намудаст, ки он ба таври штатӣ - қаноатбахш кор кард
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Ҳамла ба иншооти осоишта дар Маскав хусусияти террористии мақомоти Украинаро тасдиқ мекунад, изҳор дошт раисҷумҳури Русия, Владимир Путин.
Ба гуфтаи вай, нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар қаламрави Украина танҳо зерсохтори низомӣ ва анбори лавозимоти ҷангиро нобуд месозанд, ки мувофиқ ба яке аз мақсадҳои амалиёти вижа - ғайринизомисозӣ мебошад.
"Дар посух, тавре медонед, режими Киев роҳи дигарро интихоб кард, роҳи кӯшиши тарсонидани Русия, тарсонидани шаҳрвандони Русия ва зарба задан ба биноҳои истиқоматӣ. Ин, албатта, нишонаи равшани фаъолияти террористӣ аст", - гуфт Путин.
Ба гуфтаи президент, низоми мудофиаи ҳавоии Маскав дар вақти ҳамлаи бесарнишинҳо "қаноатбахш" кор кард.
"Умуман маълум аст, ки барои пӯшиши бештари мудофиаи ҳавоии пойтахт чӣ корҳо бояд анҷом дода шаванд ва мо ин корро мекунем", - афзуд ӯ.
Раисҷумҳур афзуд, ки Киев Маскавро таҳрик доданист ва мардуми Украина бояд донад, ки роҳбарияти феълии кишвар сӯи чӣ тела дода истодааст.
Ёдовар мешавем, ба иттилои Вазорати мудофиаи Русия, субҳи 30 май Украина бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ба объектҳои Маскав ҳамлаи террористӣ анҷом дод.
Ин ҳамла бо 8 адад ҳавопаймои бесарнишин роҳандозӣ гардид, ки 5-тоаш аз комплекси зенитӣ дар вилояти Маскав сарнагун шуда, 3-тоаш бо ҷанги электронӣ пахш карда шуда, аз ҳадафҳои пешбинишуда дур шуданд.
Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин низ гуфт, ки бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин дар чанд бино хисороти ночиз рух додааст. Ба гуфтаи ӯ, ду сокини Маскав барои кумаки пизишкӣ муроҷиат кардаанд, аммо барои касе хобондан дар бемористон зарур нашуд.