Тағйироти кадрӣ: Раҳмон раиси ду ноҳияву муовини раиси Маркази исломшиносиро барканор кард

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон
Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2023
Обуна шудан
Раиси шаҳри Гулистон бинобар пешниҳоди номзадияш ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомаш канор рафт
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дод
Дар ин бора давтари матбуотии президенти кишвар гузориш медиҳад.
Ҳамин тариқ тибқи фармони раисҷумҳур Мавсума Муинӣ аз вазифаи раиси ноҳияи Бӯстони вилоти Суғд озод карда шуд.
Сабаби барканории ӯ ба кори дигар гузаштааш гуфта мешавад. Ӯ аз январи соли 2022 дар ин мақом менишаст.
Тибқи иттилои дарёфтӣ, дар назар аст, ки Мавсума Муинӣ номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатӣ “Хуҷанд- 13” ширкат кунад.
Ғаффорзода сарвари давлат, Ғаффорзода Нигорахонро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд таъин кардааст
Директор Агентства гражданской авиации Икром Субхонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2023
Тағйироти кадрӣ дар маориф: аз барканории Субҳонзода то таъйини Саидзода
Ғаффорзода то расидани ба ин мақом муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Зафаробод озод карда шудааст.
Ба ҷойи ӯ раиси нави ноҳия бо фармони президент Исмоилзода Зуфар Муртазохонтаъин шудааст.
Мавсуф то расидан ба ин курсӣ, ба ҳайси муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон фаъолият дошт.
Ҳамзамон бо амри раисҷумҳур Азизӣ Рустам Анварзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ дар назди президенти Тоҷикистон" озод карда шуд.
То кунун мақоми нави Азизӣ ва ба ҷойи ӯ кӣ омад, мушаххас нест.
Лентаи хабарҳо
0