https://sputnik.tj/20220814/bozdoshti-yak-zani-jalbi-bonuvon-tanfurushi-dubay-1050709336.html
Боздошти як зани 35-сола барои ҷалби бонувон ба танфурӯшӣ дар Дубай
Боздошти як зани 35-сола барои ҷалби бонувон ба танфурӯшӣ дар Дубай
Sputnik Тоҷикистон
ВКД Тоҷикистон аз боздошти як зани 35-сола хабар доданд, ки чаҳор ҷавонзани тоҷикро бо роҳи фиреб ба Дубай барои танфурӯшӣ бурдааст
2022-08-14T16:10+0500
2022-08-14T16:10+0500
2022-08-16T17:59+0500
дар тоҷикистон
суғд
вкд
танфурӯшӣ
занон
ҷавонзан
боздошт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102934/45/1029344558_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_d300633956362cbcfcd740d437d7546b.jpg
ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавонзани 35-сола сокини шаҳри Бӯстон хабар додааст, ки бо ваъдаи кор дар Дубай чаҳор ҷавонзанро гумроҳ карда, ба асорати қарзӣ гирфта баъдан ба танфурӯшӣ моил намудааст.Тибқи иттилои ВКД, кормандони мақомоти интизомии Суғд Ғафорова Мухлиса, сокини шаҳри Бӯстонро боздошт карданд.Таъкид шудааст, ки шахсияти се қурбонии ба доми ӯ афтодаро, ки дар орзӯи зиндагии зебо ва кори сердаромад дар хориҷ, ҷои худро дар нуктаҳои танфрӯшӣ ва хизматрасониҳои шаҳвонӣ ёфтанд муайян кардаанд.ВКД хабар додааст занони қурбонии фурӯши одамон сокинони шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон мебошан ва синну соли онҳо аз 27 то 33 соларо ташкил медиҳад.Тибқи маълумоти мақомоти интизомии Суғд ин ҷавонзанҳо, ки ба шаҳри Дубай расиданд зулму ҷабри зиёдеро аз сар гузарониданд.“Барои пардохти қарзашон назди Мухлиса Ғафорова онҳо ба мардҳои гуногун дар хориҷ алоқаи ҷинсӣ мекарданд”,- хабар додааст ВКД.Кормандони ВКД аз ин кор дарак ёфта боз як ҷавонзани дигаре, ки мехост ба Дубай биравад дар фурудгоҳ боздошт намуданд ва ӯро аз гирифтории савдои одамон наҷот доданд.Ин дар ҳолест, ки ВКД ба тамоми духтарону ҷавонзаноне, ки орзӯи дар хориҷ кор кардандро доранд, муроҷиат кардааст, ки зудбовар набошанд ва бо умеди маблағ худро ба зулму истисмор худро гирифтор насозанд.
https://sputnik.tj/20220510/bozdosht-zan-tojikdukhtaronro-tanfurushi-turkiya-1048326660.html
https://sputnik.tj/20220623/taloshi-shirkati-atriyoti-jazbi-tojikon-kor-dubay-1049465741.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102934/45/1029344558_227:0:948:541_1920x0_80_0_0_629457efee4b88ae7fa468f2949cc3e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, танфурғшӣ, зан, ҷавонзан, бонувон, фоҳишагӣ, дубай
тоҷикистон, танфурғшӣ, зан, ҷавонзан, бонувон, фоҳишагӣ, дубай
Боздошти як зани 35-сола барои ҷалби бонувон ба танфурӯшӣ дар Дубай
16:10 14.08.2022 (Навсозишуда: 17:59 16.08.2022) ВКД Тоҷикистон аз боздошти як зани 35-сола хабар дод, ки чаҳор ҷавонзани тоҷикро бо роҳи фиреб ба Дубай барои танфурӯшӣ бурдааст
ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавонзани 35-сола сокини шаҳри Бӯстон хабар додааст, ки бо ваъдаи кор дар Дубай чаҳор ҷавонзанро гумроҳ карда, ба асорати қарзӣ гирфта баъдан ба танфурӯшӣ моил намудааст.
Тибқи иттилои ВКД, кормандони мақомоти интизомии Суғд Ғафорова Мухлиса, сокини шаҳри Бӯстонро боздошт карданд.
Таъкид шудааст, ки шахсияти се қурбонии ба доми ӯ афтодаро, ки дар орзӯи зиндагии зебо ва кори сердаромад дар хориҷ, ҷои худро дар нуктаҳои танфрӯшӣ ва хизматрасониҳои шаҳвонӣ ёфтанд муайян кардаанд.
ВКД хабар додааст занони қурбонии фурӯши одамон сокинони шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон мебошан ва синну соли онҳо аз 27 то 33 соларо ташкил медиҳад.
“Онҳо бо Мухлиса Ғафурова шиносоӣ пайдо карда бехабар аз найрангҳои ғаразноки ӯ бо умеди кори хубу сердаромад дар моҳи апрел ва июн ба шаҳри Дубай рафтанд. Шахси бонувонро ҷалб намуда медонист, ки онҳоро чӣ гуна сарнавишт интизор аст”, - қайд кардааст ВКД.
Тибқи маълумоти мақомоти интизомии Суғд ин ҷавонзанҳо, ки ба шаҳри Дубай расиданд зулму ҷабри зиёдеро аз сар гузарониданд.
“Барои пардохти қарзашон назди Мухлиса Ғафорова онҳо ба мардҳои гуногун дар хориҷ алоқаи ҷинсӣ мекарданд”,- хабар додааст ВКД.
Кормандони ВКД аз ин кор дарак ёфта боз як ҷавонзани дигаре, ки мехост ба Дубай биравад дар фурудгоҳ боздошт намуданд ва ӯро аз гирифтории савдои одамон наҷот доданд.
Ин дар ҳолест, ки ВКД ба тамоми духтарону ҷавонзаноне, ки орзӯи дар хориҷ кор кардандро доранд, муроҷиат кардааст, ки зудбовар набошанд ва бо умеди маблағ худро ба зулму истисмор худро гирифтор насозанд.