Даъвати раисҷумҳури Қирғизистон барои ташкили бонки СҲШ ва додугирифт бо пулҳои миллӣ

© Sputnik / Михаил Метцель / POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент Кыргызстана Садыр Жапаров
Президент Кыргызстана Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Қирғизистон бар он аст, ки таъсиси Бонки СҲШ ва додугирифт бо пулҳои миллӣ бояд ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои Созмон мусоидат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов зимни нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой даъват кард, ки як бонки СҲШ таъсис додаа шавад.
Раҳбари Қирғизистон ҳамчунин пешниҳод кард, ки додугирифти миёни кишварҳои узви СҲШ бо пули миллӣ анҷом дода шавад.
"Мехоҳам дар боари фаъолсозии ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид намоям. Мутаасифона, муддати тӯлонӣ аст, ки мо дар ҳалли яке аз масъалаҳои муҳим, ба назари мо, масъалаи тиҷорӣ ва иқтисодии созмон, аз ҷумла масъалаи ҷорӣ намудани механизмҳои самараноки молиявӣ тавассути таъсиси бонки рушд ва фонди рушди СҲШ, гузаштан ба ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ, ки аллакай дар шароити муосир ба як авлавият табдил ёфтааст пешравӣ надорем”, - гуфт Содир Ҷабборов зимни суханронӣ дар нишасти сарони СҲШ.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2023
Раҳмон роҳи субот дар Афғонистонро гуфт
Ба гуфтаи кишвардори Қирғизистон, ду сохтори дар боло зикршуда бояд ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои СҲШ мусоидат намуда, ҳамкориҳои минтақавиро боз ҳам амиқтар кунанд.
"Ман фикр мекунам, ки идомаи кори муштарак барои баланд бардоштани сифати ҳамлу нақл тавассути тамоми навъҳои нақлиёт дар фазои СҲШ зарур аст. Ман бар онам, ки истифодаи иқтидори транзитии кишварҳои мо тавассути татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳа нақлиёт, логистика ва зерсохтори асосии дахлдор, пайвастан ба долонҳои нақлиётии мавҷуда, ба рушди иқтисодии минтақаи СҲШ мусоидат хоҳад кард", - афзуд раисҷумҳури Қирғизистон.
Лентаи хабарҳо
0