https://sputnik.tj/20230704/barguzori-forum-iqtisodi-osiyoi-markazi-dushanbe-1058056862.html
Баргузории форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе
Баргузории форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Вазири иқтисоди Тоҷикистон барои иштирок дар Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамтои қозоқи худро ба Душанбе даъват кард
2023-07-04T09:02+0500
2023-07-04T09:02+0500
2023-07-04T09:02+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
ҳамкорӣ
душанбе
форум
иқтисод
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/03/1058056303_0:394:960:934_1920x0_80_0_0_c89838d7bb575a4f4f0a50869fc7a2e9.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Астанаи Қазоқистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода Завқӣ бо Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон Куантыров Алибек сурат гирифт.Дар ҷараёни мулоқот вазири тоҷик ҳамтои қазоқи худро барои иштирок дар Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар доираи Саммити сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, даъват кард.Ҳамзамон, дар мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои Президентҳои ҳарду кишвар, протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ, Харитаи роҳ, дар бораи зиёд намудани гардиши савдои Тоҷикистон ва Қазоқистон барои солҳои 2023-2024, бахусус содироти меваю сабзавот ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ тадбирҳои иловагӣ меандешанд.Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои судманд изҳор карданд.Ёдовар мешавем, ки дар соли 2022 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон 22,3% то 1441,2 млн доллар афзоиш ёфта, Қазоқистон ба дуюмин калонтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон табдил ёфт.
https://sputnik.tj/20230504/rahmon-qazoqiston-shariki-boetimodi-strategii-tojikiston-1056878386.html
қазоқистон
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/03/1058056303_0:304:960:1024_1920x0_80_0_0_0a49955db0fef5a0639212c6543f9cf6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, форум, иқтисод, кишварҳои осиёи марказӣ, душанбе, ҳамто, қазоқ, даъват
тоҷикистон, форум, иқтисод, кишварҳои осиёи марказӣ, душанбе, ҳамто, қазоқ, даъват
Баргузории форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе
Вазири иқтисоди Тоҷикистон барои иштирок дар Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамтои қозоқи худро ба Душанбе даъват кард
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Астанаи Қазоқистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода Завқӣ бо Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон Куантыров Алибек сурат гирифт.
Дар ҷараёни мулоқот вазири тоҷик ҳамтои қазоқи худро барои иштирок дар Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар доираи Саммити сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, даъват кард.
Ҳамзамон, дар мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои Президентҳои ҳарду кишвар, протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ, Харитаи роҳ, дар бораи зиёд намудани гардиши савдои Тоҷикистон ва Қазоқистон барои солҳои 2023-2024, бахусус содироти меваю сабзавот ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ тадбирҳои иловагӣ меандешанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои судманд изҳор карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2022 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон 22,3% то 1441,2 млн доллар афзоиш ёфта, Қазоқистон ба дуюмин калонтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон табдил ёфт.