ВКД сӯхтори ошхона дар Душанберо шарҳ дод

© Sputnik / Сергей Пивоваров / Гузариш ба медиабонкРабота сотрудников пожарной службы, архивное фото
Работа сотрудников пожарной службы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2023
Обуна шудан
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон сӯхтори ошхона дар шаҳри Душанберо, ки навори он ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Сӯхтор дар ошхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Фазлиддин" масоҳати 150 метри мураббаъро фаро гирифтааст.
Дар ин бора Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, афзуд, ки сӯхтор воқеъ дар кӯчаи Крупскаяи шаҳри шаҳри Душанбе рух додаст.
"Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани оташнишонон муайян гардид, ки сӯхтор дохил ва болопӯши ошхонаро дар масоҳати 150 метри мураббаъ фаро гирифта, хавфи паҳншавии он ба дигар биноҳои ҳамшафат ба миён омадааст", - омадааст дар иттилоия.
Зимни сафарбар намудани қувва ва воситаҳо сӯхтор бо пуррагӣ хомӯш карда шуд, афзуд манбаъ.
Сӯхтор дар мағозаи Амид дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2023
Сӯхтори мағозаи Амид дар Хуҷанд - видео
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, оташнишонҳо тавонистанд, ба маблағи зиёда аз 12 млн сомонӣ молу мулки соҳибмулконро аз коми оташ наҷот диҳанд.
Сабаб ва зарари ҳодисаи сӯхтор аз ҷониби гурӯҳи корӣ муайян карда мешавад, таъкид намудаст ВУД.
Ахиран сӯхтор дар мағозаи "Амид" дар шаҳри Хуҷанд рух дод. Мағозаи "Амид" воқеъ дар маҳаллаи 13- уми Хуҷанд, яке аз бузургтарин силсиламағозаҳое гуфта мешавад, ки ба таври 24 - соата кор мекунад. Он чанд сол қабл мавриди истифода қарор гирифта буд.
Мақомоти Идораи сӯхторнишонӣ гуфтанд, ки зимнан сабаби сар задаи сӯхтор ва ҳаҷми зарарро таҳқиқ доранд.
Лентаи хабарҳо
0