https://sputnik.tj/20230701/sukhtor-maghoza-amid-khujand-aksu-video-1058017210.html
Сӯхтори мағозаи Амид дар Хуҷанд - видео
Сӯхтори мағозаи Амид дар Хуҷанд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи сар задани сӯхтор чандин намуд молу маҳсулоти мавҷудбуда дар анборхонаи Амид ба коми оташ рафта, ба хокистар табдил шудаанд
2023-07-01T11:40+0500
2023-07-01T11:40+0500
2023-07-01T11:40+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
сӯхтор
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/01/1058017346_0:0:1281:720_1920x0_80_0_0_fc97a5f92cbd1f47fa9ec51b5f1fcc7d.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл – Sputnik. Сӯхтор дар мағомаи Амид шаби 30 июн рух дод ва онро дар Идораи сӯхторнишонии Хуҷанд таъйид намуданд. Фарҳод Маҳмадализода, муҳандиси калони Идораи сӯхторнишонии шаҳри Хуҷанд, ки дар маҳалли ҳодиса қарор дошт ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ҳодисаи баамаломадаро шарҳ дод. Бино ба гуфтаи манбаъ, сӯхтор соати 23: 24 дақиқаи шаби 30 июн дар анборхонаи мағозаи Амид воқеъ дар маҳалли 13 - уми Хуҷанд сар зада ва то беш аз 400 метри мураббаъ доман паҳн намудааст. Тавре шоҳидони ҳодиса нақл намуданд, алангаи оташ ба дараҷае баланд буд, ки шунаҳи тасфи он то ба фарози осмону атроф мерасид. Бар асари ин ҳодиса чандин навъ молу маҳсулоте, ки дар анборхона нигоҳ дошта мешуд сӯхта нобуд шудаанд.Хушбахтона ба дохили мағоза ва кормандону хариддоронаш осеб нарасидааст. Муҳандиси калони Идораи сӯхторнишонии шаҳри Хуҷанд мегӯяд, бо мадади сӯхторнишонҳо беш аз ҳазор метри мураббаъ иншоот аз коми оташ наҷот дода шуд.Мағозаи Амид воқеъ дар маҳаллаи 13- уми Хуҷанд, яке аз бузургтарин силсиламағозаҳое гуфта мешавад, ки ба таври 24 соата кор мекунад. Он чанд сол қабл мавриди истифода қарор гирифта буд. Мақомоти Идораи сӯхторнишонӣ гуфтанд, ки зимнан сабаби сар задаи сӯхтор ва ҳаҷми зарарро таҳқиқ мекунанд. Бино ба иттилои мақомот ин 23- юмин ҳодисаи сӯхтор дар Хуҷанд давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аст.
https://sputnik.tj/20230629/bozor-qubod-qubodiyon-otash-sharhi-sukhtornishonho-1057983412.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/01/1058017346_137:0:1097:720_1920x0_80_0_0_db5d41cec14ae68bc0dbc76987442e15.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуҷанд сӯхтор
Сӯхтори мағозаи Амид дар Хуҷанд - видео
Дар пайи сар задани сӯхтор чандин намуд молу маҳсулоти мавҷудбуда дар анборхонаи Амид ба коми оташ рафта, ба хокистар табдил шудаанд
ДУШАНБЕ, 1 июл – Sputnik. Сӯхтор дар мағомаи Амид шаби 30 июн рух дод ва онро дар Идораи сӯхторнишонии Хуҷанд таъйид намуданд.
Фарҳод Маҳмадализода, муҳандиси калони Идораи сӯхторнишонии шаҳри Хуҷанд, ки дар маҳалли ҳодиса қарор дошт ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ҳодисаи баамаломадаро шарҳ дод.
Бино ба гуфтаи манбаъ, сӯхтор соати 23: 24 дақиқаи шаби 30 июн дар анборхонаи мағозаи Амид воқеъ дар маҳалли 13 - уми Хуҷанд сар зада ва то беш аз 400 метри мураббаъ доман паҳн намудааст.
"Бо баробари ворид шудани занги хатар ба ҷойи ҳодиса 12 адад мошинҳои обпоши сӯхторнишонӣ аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Гулистон сафарбар шуда, давоми ду соат алангаи сӯхторро хомӯш намуданд”, – гуфт, Мадализода.
Тавре шоҳидони ҳодиса нақл намуданд, алангаи оташ ба дараҷае баланд буд, ки шунаҳи тасфи он то ба фарози осмону атроф мерасид. Бар асари ин ҳодиса чандин навъ молу маҳсулоте, ки дар анборхона нигоҳ дошта мешуд сӯхта нобуд шудаанд.Хушбахтона ба дохили мағоза ва кормандону хариддоронаш осеб нарасидааст.
Муҳандиси калони Идораи сӯхторнишонии шаҳри Хуҷанд мегӯяд, бо мадади сӯхторнишонҳо беш аз ҳазор метри мураббаъ иншоот аз коми оташ наҷот дода шуд.
Мағозаи Амид воқеъ дар маҳаллаи 13- уми Хуҷанд, яке аз бузургтарин силсиламағозаҳое гуфта мешавад, ки ба таври 24 соата кор мекунад. Он чанд сол қабл мавриди истифода қарор гирифта буд.
Мақомоти Идораи сӯхторнишонӣ гуфтанд, ки зимнан сабаби сар задаи сӯхтор ва ҳаҷми зарарро таҳқиқ мекунанд.
Бино ба иттилои мақомот ин 23- юмин ҳодисаи сӯхтор дар Хуҷанд давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аст.