ВАО: Оташзании Қуръон узвияти Шветсия ба НАТО-ро зери суол гузошт

© Sputnik / Алексей ВитвицкийЭмблема Организации Североатлантического договора (НАТО) в Брюсселе.
Эмблема Организации Североатлантического договора (НАТО) в Брюсселе.   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2023
Обуна шудан
Рӯзномаи Milliyet менависад, ки оташзании Қуръони Карим ва вокуниши Эрдуғон узвияти Шветсияро ба Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) зери суол гузоштааст
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Рӯзномаи Milliye ахиран навиштааст, ки иқдоми навбатии соташзании Қуръон дар Стокҳолм ва вокуниши тунди раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба ин имкони ухзвияти барвақти Шветсия ба НАТО-ро зери хатар гузоштааст.
Таҳқир ва оташзании Қуръон дар Стокҳолм дар ҷараёни таҷлили Иди Қурбон дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон вокунишҳои густардаеро ба бор овард.
Ироқ аз мақомоти Шветсия талаб кард, ки муҳоҷири содиркардаро барои додгоҳ истирдод кунанд, дар ҳоле ки рӯзи панҷшанбе даҳҳо ироқӣ барои эътироз дар назди сафорати ин кишвар дар Бағдод ҷамъ омаданд.
Ҳодиса инчунин аз ҷониби Алҷазоир, Афғонистон, Миср, Индонезия, Лубнон, Сурия, Туркия, Ӯзбекистон, Дабири кулли Лигаи кишварҳои араб Аҳмад Абул Ғайт ва Дабири кулли Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои арабии Халиҷи Форс Ҷасим ал-Будаив маҳкум карда шуд.
МИД Иран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2023
Вазорати хориҷаи Эрон сӯзондани Қуръон дар Шветсияро маҳкум кард
Вазоратҳои корҳои хориҷии Ӯрдун ва Имороти Муттаҳидаи Араб сафирони Шветсияро даъват карданд, то ба онҳо нотаи эътирозӣ супоранд.
Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ин амалро "нафратангез" номид.
"Бисёре аз мақомоти Туркия, аз ҷумла Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ба оташ задани Қуръон дар масҷиди Стокҳолм - пойтахти Шветсия - вокуниши шадид нишон доданд. Ин боз ҳам шонси узвияти пеш аз муҳлати ин кишвари скандинавиро ба эътилофи низомӣ зери хатар гузошт", - навиштааст нашрия.
Вазорати хориҷаи Русия гуфтааст, беҷазо мондани ширкаткунандагони ин ҳодиса метавонад ба паёмадҳои фоҷиабори пешгӯинашаванда оварда расонад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба чунин амалҳои ғайриқонунӣ муқовимат кунад.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия низ, зимни боздид аз масҷиди бостонии Ҷумъаи Дарбент гуфт, беэҳтиромӣ ба Қуръон дар Русия ба фарқ аз бархе аз кишварҳо ҷиноят аст.
Сарвари давлат таъкид кард, ки Русия ҳамеша ба ин қоидаҳои қонунгузорӣ риоя хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0