https://sputnik.tj/20230703/namoyanda-rusiya-shsh-fanoi-gegemoniya-gharbi-1058036607.html
Намояндаи Русия дар СҲШ аз фанои гегемонияи ғарбӣ гуфт
Намояндаи Русия дар СҲШ аз фанои гегемонияи ғарбӣ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар Амрикои Лотин, Осиё, Африқову Шарқи Наздик марказҳои нави қудрат ба вуҷуд меоянд, ки омодаанд аз ҳаққи соҳибихтиёрии интихоби роҳи рушди худ истифода баранд
2023-07-03T09:45+0500
2023-07-03T09:45+0500
2023-07-03T13:35+0500
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102450/44/1024504407_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_d2a579ec6c6d1526ff89dcdf62f14555.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ғарб дастаҷамъона нақши бартаридоштаи худро дар ҷаҳон аз даст медиҳад ва як такони бунёди тартиботи одилонаи ҷаҳонӣ дар ҳоли шаклгирист.Дар ин бора Наталя Степкина, намояндаи доимии Русия дар Котиботи СҲШ рӯзи душанбе хабар дод. "Имрӯз ҷаҳон шоҳиди бад шудани амният ва иқтисод, тахриби системаи мавҷудаи идоракунии ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои он аст. Ин дар ҳоле ки Ғарби дастаҷамъӣ нақши бартаридоштаи худро дар ташаккули шеваи фаъолияти ҷомеъаи байналмилалӣ тавассути таҳкими он аз даст медиҳад",- гуфт ӯ.Степкина, ки дар Форуми 11-уми Умумиҷаҳонии Сулҳ суханронӣ мекард, гуфт, дар ҳоле ки Ғарби дастаҷамъӣ бо ҷорӣ кардани ба истилоҳ “тартибот бар асоси қоидаҳо” нақши бартаридоштаи худро дар ташаккули шеваи фаъолияти ҷомеъаи байналмилалӣ аз даст медиҳад, суръат дар самти бунёди тартиботи одилонатар ва бисёрқутбӣ дар ҷаҳон афзоиш меёбадБа гуфтаи вай, дар Амрикои Лотинӣ, Осиё, Африқо ва Шарқи Наздик марказҳои нави қудрат ба вуҷуд меоянд, ки омодаанд аз ҳуқуқи соҳибихтиёрии интихоби роҳи рушди худ истифода баранд.Степкина қайд кард, ки чунин принсипҳое, ки асоси ҳамкориҳои БРИКС мебошанд, аз қабили риояи қонунҳои байналмилалӣ, бахусус Оинномаи СММ, эҳтироми мутақобила ва баррасии манфиатҳои ҳамаи иштирокчиён, баробарӣ ва мавҷуд набудани барномаи пинҳонӣ барои аксари кишварҳо универсалӣ ва ҷолибанд. "Манфиатҳои асосии стратегии БРИКС дидгоҳи муштараки аксарияти кулли аъзои ҷомеаи байналмилалиро инъикос мекунанд, ки кӯшиши таҳмил кардани арзишҳо ё даъвои бартарияти ҷаҳонӣ надоранд",- гуфт ӯ. БРИКС кишварҳое чун Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубиро муттаҳид мекунад. Дар миёни довталабони аъзогӣ ба БРИКС Аргентина, Алҷазоир ҳастанд. Инчунин, бисёр кишварҳо хоҳиши пайвастан ба ин иттиҳодияро изҳор кардаанд.
https://sputnik.tj/20230620/lavrov-gharb-saad-briks-shsh-1057818209.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102450/44/1024504407_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_78ee88e3b93867b811a61b3d2cd84a47.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
намоянда русия сҳш фано гегемония ғарб
намоянда русия сҳш фано гегемония ғарб
Намояндаи Русия дар СҲШ аз фанои гегемонияи ғарбӣ гуфт
09:45 03.07.2023 (Навсозишуда: 13:35 03.07.2023) Дар Амрикои Лотин, Осиё, Африқову Шарқи Наздик марказҳои нави қудрат ба вуҷуд меоянд, ки омодаанд аз ҳаққи соҳибихтиёрии интихоби роҳи рушди худ истифода баранд
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ғарб дастаҷамъона нақши бартаридоштаи худро дар ҷаҳон аз даст медиҳад ва як такони бунёди тартиботи одилонаи ҷаҳонӣ дар ҳоли шаклгирист.
Дар ин бора Наталя Степкина, намояндаи доимии Русия дар Котиботи СҲШ рӯзи душанбе хабар дод.
"Имрӯз ҷаҳон шоҳиди бад шудани амният ва иқтисод, тахриби системаи мавҷудаи идоракунии ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои он аст. Ин дар ҳоле ки Ғарби дастаҷамъӣ нақши бартаридоштаи худро дар ташаккули шеваи фаъолияти ҷомеъаи байналмилалӣ тавассути таҳкими он аз даст медиҳад",- гуфт ӯ.
Степкина, ки дар Форуми 11-уми Умумиҷаҳонии Сулҳ суханронӣ мекард, гуфт, дар ҳоле ки Ғарби дастаҷамъӣ бо ҷорӣ кардани ба истилоҳ “тартибот бар асоси қоидаҳо” нақши бартаридоштаи худро дар ташаккули шеваи фаъолияти ҷомеъаи байналмилалӣ аз даст медиҳад, суръат дар самти бунёди тартиботи одилонатар ва бисёрқутбӣ дар ҷаҳон афзоиш меёбад
Ба гуфтаи вай, дар Амрикои Лотинӣ, Осиё, Африқо ва Шарқи Наздик марказҳои нави қудрат ба вуҷуд меоянд, ки омодаанд аз ҳуқуқи соҳибихтиёрии интихоби роҳи рушди худ истифода баранд.
"Аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест, ки созмонҳое мисли БРИКС таваҷҷуҳи онҳоро ба худ ҷалб мекунанд. Ин гурӯҳ ҳамчун намояндаи пешбари бозорҳои рӯ ба тараққӣ ва кишварҳои рӯ ба тараққӣ қабул карда мешавад, ки манфиатҳои онҳо, хоҳиши онҳо барои идоракунии фарогиртар, намояндагӣ ва демократии ҷаҳониро ифода мекунад",- гуфт ӯ.
Степкина қайд кард, ки чунин принсипҳое, ки асоси ҳамкориҳои БРИКС мебошанд, аз қабили риояи қонунҳои байналмилалӣ, бахусус Оинномаи СММ, эҳтироми мутақобила ва баррасии манфиатҳои ҳамаи иштирокчиён, баробарӣ ва мавҷуд набудани барномаи пинҳонӣ барои аксари кишварҳо универсалӣ ва ҷолибанд.
"Манфиатҳои асосии стратегии БРИКС дидгоҳи муштараки аксарияти кулли аъзои ҷомеаи байналмилалиро инъикос мекунанд, ки кӯшиши таҳмил кардани арзишҳо ё даъвои бартарияти ҷаҳонӣ надоранд",- гуфт ӯ.
БРИКС кишварҳое чун Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубиро муттаҳид мекунад.
Дар миёни довталабони аъзогӣ ба БРИКС Аргентина, Алҷазоир ҳастанд. Инчунин, бисёр кишварҳо хоҳиши пайвастан ба ин иттиҳодияро изҳор кардаанд.