Боздошти муҳоҷири тоҷик бо гумони қатли ду ҳамватанаш

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкНаручники
Наручники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2023
Обуна шудан
Мақомоти умури дохилии Қазоқистон алайҳи як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми одамкушӣ боздошт кардаанд ва феълан ӯ дар ҳабс қарор дорад
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Ҷасади ду шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз хонаҳои шахсии шаҳри Каскелен пайдо карда шудааст, иттилоъ дод пулиси вилояти Алмата.
Сардори пулиси вилояти Алмата, Бауржан Аленов иттилоъ дод, ки як зани қазоқистонӣ ба мақомот муроҷиат карда, аз дарёфти ҷасадҳо бо осори зарбаи корд пайдо кардаст.
Расонаҳои қазоқӣ навиштаанд, кормандони пулис муайян кардаанд, ки фавтидагон шаҳрвандони Тоҷикистон, солҳои таваллудашон 1989 ва 1996 мебошанд.
Таъкид шудааст, ки дар пайи гузарондани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ макони муттаҳам низ мушаххас шуда, боздошт гардидаст.
Таъкид шудааст, ки шаҳрванди гумонбаршуда низ аз Тоҷикистон буда, 43 сол дорад.
Обстановка в аэропорту Кишинева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2023
Тирандози тоҷик дар Кишинёв истирдод мешавад? посухи мақомоти Молдова
Мақомоти умури дохилии вилояти Алмато мегӯянд, феълан муттаҳам дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
"Аз рӯи ҳодисаи мазкур бо таъини экспертизаи судӣ-тиббӣ тафтишоти пешакӣ оғоз шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Маълумоти дигар ба манфиати тафтишот набояд ифшо карда шавад, гуфт Бауржан Аленов.
Маврид ба зикр аст, ки миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил, Қазоқистон баъди Русия дуюмин кишвари пазирандаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0