Бозори "Қубод" дар Қубодиён оташ гирифт: шарҳи сӯхторнишонҳо

© Фото : МВД ТаджикистанаПоследствия пожара на рынке в Кубодиёне
Последствия пожара на рынке в Кубодиёне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2023
Обуна шудан
Кормандони ниҳоди сӯхторнишонӣ тавонистаанд, ки оташро муддати каме бештар аз ду соат хомӯш созанд. Ҳоло сабабҳои сар задани он мушаххас мешавад
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Хадамоти сӯхторнишонии Вазорати корҳои дохила сӯхтор дар бозори "Қубод"-и ноҳияи Қубодиёнро шарҳ дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳодиса субҳи имрӯз 29-уми июни соли 2023, соати 04:50-дақиқа дар дар фурӯшгоҳи мазкур, ки воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳия буд, ба амал омад.
"Ҳангоми ба ҷои ҳодиса ҳозир шудани оташнишонон муайян гардид, ки сӯхтор нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар масоҳати 655 метри мураббаъро фаро гирифта, хавфи паҳншавии он ба дигар нуқтаҳои савдо ба миён омадааст", - афзудааст ин ниҳод.
Ба иттилои манбаъ, бо сафарбар намудани қувва ва воситаҳо сӯхтор дар соати 07:05-дақиқа бо пуррагӣ хомӯш карда шуд.
Гуфта мешавад, сабаби сар задани сӯхтор то кунун муаян набуда, тақиқ идома дорад.
Ҳамзамон гуруҳи корӣ зарари аз сӯхтор расидаро муаян мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки сӯхтори бозору марокизи савдо дар Тоҷикистон махсусан дар вилояти Хатлон ҳодисаи нав нест.
В Джаббар-Расуловском районе сгорела новая АЗС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2023
Дар Суғд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳанӯз бо кор сар накарда оташ гирифт - акс
Авоили соли ҷорӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Маркази савдои ҶДММ "Фархундаи-Шуҳрат" оташ гирифта буд, ки 240 метри мураббаъро фаро гирифта буд.
Зикр гардид, ки сӯхтор 13 адад нуқтаҳои хизматрасониро фаро гирифта буд, вале оташнишонон бинобар зӯд хомӯш кардани оташ, тавонистанд молу маҳсулотро ба маблағи 30 млн сомонӣ аз сӯхтор эмин нигоҳ доранд.
Лентаи хабарҳо
0