Cели такрорӣ дар Роштқалъа ва сафари Расулзода ба ҷои офати табиӣ

© Sputnik / Сергей СубботинКохир Расулзода, архивное фото
Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2023
Обуна шудан
Сарвазири Тоҷикистон дастур дод, ки дар навбати аввал барои хонаводаҳои зарардида то фарорасии рӯзҳои сард манзили зистро таъмин намоянд
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Барои шиносоӣ бо бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба деҳаи Миденведи ноҳияи Роштқалъа рафт.
Ба иттилои мақомот, сарвазир ба масъулин дастур дод, ки дар навбати аввал барои хонаводаҳои зарардида шароити лозимӣ фароҳам оваранд ва то фарорасии рӯзҳои сард онҳоро бо манзили зист таъмин намоянд.
Аз дастурҳои дигари сарвазири Тоҷикистон ҳарчи зудтар кушодани маҷрои дарёи Шохдара будаст, то дар оянда барои сокинони поёноб мушкиле эҷод нашавад.
Таъкид шудааст, ки дар деҳаи Миденведи ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа ҷараёни дарёи Шоҳдара баста шуда, ҳавзи сунъиеро ба вуҷуд овардааст, ки ба хонаҳои дигар низ таҳдид мекунад.
В ГБАО правительственная комиссия принялась за устранение последствий ЧП - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2023
Дар ВМКБ комиссияи ҳукуматӣ ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ шурӯъ кард
Мақомот мегӯянд, бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон беш аз 30 хонавода ба макони бехатар кӯчонида шуданд.
Мақомоти ҳолатҳои изтирорӣ дар ВМКБ мегӯянд, бар асари фарормадани сели такрорӣ ахиран боз 8 манзили сокинони деҳа ва муасисаи таълимӣ хисорот дидаанд.
Ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат масъалаи офатҳои табииро баррасӣ намуда, ба мақомот барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиии рухдода дастур дод.
Дар мавриди селфароӣ дар Шохдара таъкид гардид, ки барои таъмини бехатарии аъзои 210 оилаи дар назди соҳили Шоҳдара ҷойгиршуда, аз ҷумла ба ҷойҳои бехавф кӯчонидан, бо маводи ғизоӣ ва дигар шароити зарурии зиндагӣ таъмин кардани онҳо, чораандешӣ шавад.
Лентаи хабарҳо
0