Нооромиҳо дар Фаронса идома доранд: 250 корманди ҳифзи ҳуқуқ осеб диданд

© Sputnik / Евгений Полойко / Гузариш ба медиабонкБеспорядки в Нантере
Беспорядки в Нантере - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2023
Обуна шудан
Тақрибан 250 кормандони пулис ҳангоми нооромиҳаи шабона дар Фаронса, ки бар асари марги як наврас аз дасти пулис дар шаҳри Нантер сурат гирфт, маҷрӯҳ шуданд
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар Фаронса шаби сеюм аст, ки дар пайи марги як наврас дар Нантер бетартибиҳои густурда идома доранд.
Сардори вазорати корҳои дохилии Фаронса Ҷералд Дарманин ба расонаҳо хабар додааст, ки пулиси ин кишвар 667 нафарро боздошт кардааст.
"Тибқи дастур дар бораи амалҳои қатъӣ, корандони ҳифзи ҳуқуқ 667 нафарро боздошт карданд", - гуфт ӯ.
Вай гуфт, ки нооромиҳои ахир бо "сатҳи ғайриоддии баланди хушунат" қайд карда шуданд.
Ҳамин тариқ, тақрибан 250 афсари ҳифзи ҳуқуқ дар нооромиҳои ахир дар Фаронса осеб диданд.
Интизор меравад, ки раисиҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ҷаласаи изтирории кобинаи ҳукуматро барои баррасии бӯҳрон баррасӣ кунад.
Председатель Государственной Думы Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Володин гуфт, Олмон ва Фаронса бояд ба сокинони Донбасс ҷуброн пардохт кунанд
Нооромиҳо пас аз он оғоз шуданд, ки полиси фаронса дар талоши боздошти мошин дар Нантерр хост ронандаи 17-соларо, ки ба талаботи пулис итоат накард, боздошт кунанд. Ронанда ба талоботи пулис иттоат накарда хост фирор кунад, аммо пулис онро парронда кушт.
Корманди милиса, ки аз силоҳи хидматӣ истифода кардааст, бо гумони куштори қасдан боздошт ва ба ҳабс гирифта шудааст. Додситонии ҷамъиятии Нантер дар робита ба саркашӣ аз иҷрои тақозои маъмурони интизомӣ тафтишот оғоз кардааст.
Ҳоло шӯришҳо инчунин ба шаҳрҳои калон, аз ҷумла Тулуза ва Лион паҳн шуданд.
Лентаи хабарҳо
0