https://sputnik.tj/20230630/kudaki-kushtashuda-ekaterinburg-tojiktabor-1058002715.html
Падари кӯдаки кушташуда дар Екатеринбург тоҷик будааст: Муттаҳами асосӣ модарандар
Падари кӯдаки кушташуда дар Екатеринбург тоҷик будааст: Муттаҳами асосӣ модарандар
Sputnik Тоҷикистон
Писарчаи 6-сола, ки ахиран ҷасадаш баъди чанд рӯзи кофтукоби дастаҷамъӣ, аз дохили ҷузвдон дар гаражҳои Екатеринбург ёфт шуд, тоҷиктабор будаст
2023-06-30T14:15+0500
2023-06-30T14:15+0500
2023-06-30T14:16+0500
дар русия
муҳоҷират
кӯдак
таҳқиқ
қазия
тафтишот
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0a/1045715349_0:0:2836:1595_1920x0_80_0_0_81c178b97fff6b2963b0d953f9e309fe.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Падари Далери 6-сола, ки ахиран ҷасадашро ёфтанд, тоҷик буда, шаҳрвандии Русияро дорад, иттилоъ доданд аз консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург. Тавре аз консулгарӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, падари биологии кӯдак, феълан дар маҳбас қарор дошта, модари биологияш сокини маҳаллӣ гирифтори майзадагӣ мебошад. Таъкид шуд, ки Далер ба фарзандхонӣ гирифта шуда будаст. Манбаъ афзуд, мақомоти тафтишотӣ муайян кардаанд, ки ҳодисаи марги Далер моҳи декабри соли 2022 рух додааст, аммо модархондаш то ҳол ин ҳодисаро пинҳон мекардасту дар бораи бедаракшавии ӯ танҳо чанд рӯз қабл хабар додааст. Падархонди Далер дар минатақаи амалиёти вижаи низомӣ қарор дорад. Масъулини консулгарӣ гуфтанд, айни ҳол модархонди Далер боздошт шуда, фарзандхонҳои дигар низ аз ӯ гирифта шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки дар бораи бедаракшавии Далер чанд рӯзи қабл иттилоъ дода шуда, модархондаш гуфт, ӯ мушкили равонӣ низ дораду қаблан низ аз хона фирор карда буд. Аммо расонаҳои маҳаллӣ аз қавли як фарзандхонди дигари ин хонавода, ки аллакай ба синни балоғат расидасту аз ин оила фирор кардааст, изҳор доштаст, ки Далер дар ин оила мавриди озор қарор мегирифту мустақилона гурехтан наметавонист, чун сахт аз модарандар метарсид. Мақомоти тафтишотӣ аз рӯи ин ҳодиса парванда оғоз карда, таҳқиқи қазия идома дорад.
https://sputnik.tj/20230630/motam-kudak-roh-tojikiston-qurbon-1058000951.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0a/1045715349_59:0:2619:1920_1920x0_80_0_0_64f0062cf4589101c8b8a772eb3f6b65.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тафсилот, фирор, тоҷик, кӯдак, екатеринбург
тафсилот, фирор, тоҷик, кӯдак, екатеринбург
Падари кӯдаки кушташуда дар Екатеринбург тоҷик будааст: Муттаҳами асосӣ модарандар
14:15 30.06.2023 (Навсозишуда: 14:16 30.06.2023) Писарчаи 6-сола, ки ахиран ҷасадаш баъди чанд рӯзи кофтукоби дастаҷамъӣ, аз дохили ҷузвдон дар гаражҳои Екатеринбург ёфт шуд, тоҷиктабор будаст
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Падари Далери 6-сола, ки ахиран ҷасадашро ёфтанд, тоҷик буда, шаҳрвандии Русияро дорад, иттилоъ доданд аз консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург.
Тавре аз консулгарӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, падари биологии кӯдак, феълан дар маҳбас қарор дошта, модари биологияш сокини маҳаллӣ гирифтори майзадагӣ мебошад. Таъкид шуд, ки Далер ба фарзандхонӣ гирифта шуда будаст.
Манбаъ афзуд, мақомоти тафтишотӣ муайян кардаанд, ки ҳодисаи марги Далер моҳи декабри соли 2022 рух додааст, аммо модархондаш то ҳол ин ҳодисаро пинҳон мекардасту дар бораи бедаракшавии ӯ танҳо чанд рӯз қабл хабар додааст. Падархонди Далер дар минатақаи амалиёти вижаи низомӣ қарор дорад.
Масъулини консулгарӣ гуфтанд, айни ҳол модархонди Далер боздошт шуда, фарзандхонҳои дигар низ аз ӯ гирифта шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар бораи бедаракшавии Далер чанд рӯзи қабл иттилоъ дода шуда, модархондаш гуфт, ӯ мушкили равонӣ низ дораду қаблан низ аз хона фирор карда буд.
Аммо расонаҳои маҳаллӣ аз қавли як фарзандхонди дигари ин хонавода, ки аллакай ба синни балоғат расидасту аз ин оила фирор кардааст, изҳор доштаст, ки Далер дар ин оила мавриди озор қарор мегирифту мустақилона гурехтан наметавонист, чун сахт аз модарандар метарсид.
Мақомоти тафтишотӣ аз рӯи ин ҳодиса парванда оғоз карда, таҳқиқи қазия идома дорад.