https://sputnik.tj/20230629/tahqir-muqaddasot-demokratiya-nest-rusiya-quron-shvetsiyaro-1057986579.html
"Таҳқири муқаддасот демократия нест": Русия сӯзондани Қуръон дар Шветсияро маҳкум кард
"Таҳқири муқаддасот демократия нест": Русия сӯзондани Қуръон дар Шветсияро маҳкум кард
Sputnik Тоҷикистон
Чунин кирдорҳо асоси сулҳу амонӣ, муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо ва мамлакатҳоро вайрон мекунанд, таъкид карданд Думаи давлатии ФР
2023-06-29T14:20+0500
2023-06-29T14:20+0500
2023-06-29T14:20+0500
қуръони карим
дин ва оин
иди қурбон
дар ҷаҳон
шветсия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1a/1042502079_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_250a21c0050839d62cb52478bcac92bd.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар Русия тарҳи изҳороти зидди таҳқири муқаддасоти мусалмонон дар Шветсияро баррасӣ хоҳад кард. Дар ин бора дар Думаи давлатии Федератсияи Русия хабар доданд. Пешниҳод шудааст, ки ин қатънома ба СММ, Ассамблеяи парлумонии СПАД ва САҲА, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва СҲШ ва дигар созмонҳо ирсол карда шавад. Дар баёния таъкид мешавад, ки "вакилон дар якҷоягӣ бо мусулмонони саросари ҷаҳон аз қарори мақомоти Шветсия, ки 28 июни соли 2023 дар рӯзи иди Қурбон ба баргузории як тазоҳуроти эътирозӣ дар назди масҷиди асосии шаҳри Стокҳолм дар рӯзи иди Қурбон иҷозат додааст, ки дар ҷараёни он китоби муқаддаси мусулмонон – Қуръон оташ заданд, хашмгин шуд”.Қайд карда мешавад, ки ин кирдорҳо асоси сулҳу амонӣ, муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо ва мамлакатҳоро вайрон мекунанд. Дар баёнияи вакилон гуфта мешавад, ки "таҳқир кардани ашёи муқаддас ба озодии баён ва дин, ба принсипҳои демократия рабте надорад". Илова бар ин, намояндагони Думаи давлатии Русия аз ҳуқуқи диндорон дифоъ мекунанд ва бар ин назаранд, ки яке аз аломатҳои ҷомеаи мутамаддинро “эҳтиром ба китобҳои муқаддаси динҳои пешқадами ҷаҳон, ки арзиши маънавӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи динҳо ва мероси фарҳангию таърихии онҳо мебошанд.Қаблан пулиси Шветсия 28 июн - дар рӯзи иди Қурбон баргузории як тазоҳуроти эътирозӣ бо сӯзондани Қуръон дар масҷиди асосии Стокҳолмро иҷозат дода буд.Сарвазир Улф Ҳҷалмар Кристерссон гуфт, ки қарори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ "қонунӣ, вале номуносиб" аст. Худи ҳамон рӯз ин амал сурат гирифт: марде саҳифаҳои Қуръонро канда, бо онҳо кафшҳояшро пок кард ва баъд дар қабати китоб бекон монду онро оташ зад. Ба гузориши расонаҳо, тақрибан 200 нафар ин саҳнаро тамошо мекарданд, баъзеҳо бо нидоҳои "Худо бузург аст!" бо забони арабӣ ба нишони эътироз баромад мекарданд ва якеро полис пас аз кӯшиши сангпартоӣ ба сӯи "амалкунанда" боздошт кард.
https://sputnik.tj/20230628/musalmonon-maskav-namozi-id-video-1057966759.html
шветсия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1a/1042502079_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_63e63a6dc2c559323b1fa15beaa75400.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия сӯзондан қуръон шветсияро маҳкум
русия сӯзондан қуръон шветсияро маҳкум
"Таҳқири муқаддасот демократия нест": Русия сӯзондани Қуръон дар Шветсияро маҳкум кард
Чунин кирдорҳо асоси сулҳу амонӣ, муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо ва мамлакатҳоро вайрон мекунанд, таъкид карданд Думаи давлатии ФР
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар Русия тарҳи изҳороти зидди таҳқири муқаддасоти мусалмонон дар Шветсияро баррасӣ хоҳад кард. Дар ин бора дар Думаи давлатии Федератсияи Русия хабар доданд.
Пешниҳод шудааст, ки ин қатънома ба СММ, Ассамблеяи парлумонии СПАД ва САҲА, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва СҲШ ва дигар созмонҳо ирсол карда шавад.
Дар баёния таъкид мешавад, ки "вакилон дар якҷоягӣ бо мусулмонони саросари ҷаҳон аз қарори мақомоти Шветсия, ки 28 июни соли 2023 дар рӯзи иди Қурбон ба баргузории як тазоҳуроти эътирозӣ дар назди масҷиди асосии шаҳри Стокҳолм дар рӯзи иди Қурбон иҷозат додааст, ки дар ҷараёни он китоби муқаддаси мусулмонон – Қуръон оташ заданд, хашмгин шуд”.
Қайд карда мешавад, ки ин кирдорҳо асоси сулҳу амонӣ, муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо ва мамлакатҳоро вайрон мекунанд.
Дар баёнияи вакилон гуфта мешавад, ки "таҳқир кардани ашёи муқаддас ба озодии баён ва дин, ба принсипҳои демократия рабте надорад".
Илова бар ин, намояндагони Думаи давлатии Русия аз ҳуқуқи диндорон дифоъ мекунанд ва бар ин назаранд, ки яке аз аломатҳои ҷомеаи мутамаддинро “эҳтиром ба китобҳои муқаддаси динҳои пешқадами ҷаҳон, ки арзиши маънавӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи динҳо ва мероси фарҳангию таърихии онҳо мебошанд.
Қаблан пулиси Шветсия 28 июн - дар рӯзи иди Қурбон баргузории як тазоҳуроти эътирозӣ бо сӯзондани Қуръон дар масҷиди асосии Стокҳолмро иҷозат дода буд.
Сарвазир Улф Ҳҷалмар Кристерссон гуфт, ки қарори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ "қонунӣ, вале номуносиб" аст.
Худи ҳамон рӯз ин амал сурат гирифт: марде саҳифаҳои Қуръонро канда, бо онҳо кафшҳояшро пок кард ва баъд дар қабати китоб бекон монду онро оташ зад.
Ба гузориши расонаҳо, тақрибан 200 нафар ин саҳнаро тамошо мекарданд, баъзеҳо бо нидоҳои "Худо бузург аст!" бо забони арабӣ ба нишони эътироз баромад мекарданд ва якеро полис пас аз кӯшиши сангпартоӣ ба сӯи "амалкунанда" боздошт кард.