https://sputnik.tj/20230628/musalmonon-maskav-namozi-id-video-1057966759.html
Ҳазорҳо мусалмон дар Маскав намози ид гузоштанд - видео
Ҳазорҳо мусалмон дар Маскав намози ид гузоштанд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Намози иди Қурбон субҳи барвақт дар масҷиди ҷомеаи Маскав ва хиёбонҳои атрофи он ҳазорҳо мусалмон, аз ҷумла муҳоҷирон аз Тоҷикистонро гирди ҳам овард
2023-06-28T14:59+0500
2023-06-28T14:59+0500
2023-06-28T14:59+0500
видео
фарҳанг
намоз
маскав
иди қурбон
муҳоҷир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1c/1057966354_0:196:1280:916_1920x0_80_0_0_0c3e318b553c1afb456c62867dd21873.jpg
Масҷиди ҷомеаи Маскав на ҳамаи хоҳишмандонро ғунҷонд ва бинобар ин бисёре аз намозгузорон ибодати идонаро дар ҷодаҳои атрофи масҷид анҷом доданд. Намозгузорон мавъизаи идонаро шунида намоз гузоштанду ҳамдигарро бо фарорасии иди Қурбон шодбош гуфтанд.Иди Қурбон дар пойтахт ва вилояти Маскав тибқи нақшаи мувофиқашуда бо мақомот баргузор мешавад, гуфт муфтиёти Русия.Манбаъ афзуд, намози ид дар ҳамаи масоҷиди Маскав, аз ҷумла дар масҷидҳои ҷомеъ, ёдбудӣ ва таърихии пойтахт баргузор гардид.Раисҷумҳури Тоҷикистон: Қурбонӣ кардан ба дӯши ҳама ҳатмӣ нестҲамчунин дар 55 мавзеи дигари вилояти Маскав барои намози ид шароит фароҳам шудаст.Дар ин миён муҳоҷирони тоҷикистонӣ, ки шумораашон дар шаҳру вилоёти Русия садҳо ҳазор нафар арзёбӣ мешавад, дар намози идона иштирок намуданд. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин низ ахиран мусулмонони кишварро бо иди Қурбон табрик гуфта, қайд кард, ки ин ид ба таҳкими ормонҳои некӣ, шафқат ва адолат дар ҷомеа хидмат мекунад.Ба гуфтаи Владимир Путин, ки ҷомеаи мусулмонони Русия дар ҳаёти кишвар нақши бузург дошта, дар таҳкими сулҳи байни миллатҳо ва динҳо, ҳифзи арзишҳои оилавӣ ва тарбияи насли наврас саҳми арзанда мегузорад.
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1c/1057966354_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_67f2a1fe84cc1cf17a8ff2261bcc8304.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
намоз, ид, маскав, масҷид, тоҷикистон
намоз, ид, маскав, масҷид, тоҷикистон
Ҳазорҳо мусалмон дар Маскав намози ид гузоштанд - видео
Намози иди Қурбон субҳи барвақт дар масҷиди ҷомеаи Маскав ва хиёбонҳои атрофи он ҳазорҳо мусалмон, аз ҷумла муҳоҷирон аз Тоҷикистонро гирди ҳам овард
Масҷиди ҷомеаи Маскав на ҳамаи хоҳишмандонро ғунҷонд ва бинобар ин бисёре аз намозгузорон ибодати идонаро дар ҷодаҳои атрофи масҷид анҷом доданд. Намозгузорон мавъизаи идонаро шунида намоз гузоштанду ҳамдигарро бо фарорасии иди Қурбон шодбош гуфтанд.
Иди Қурбон дар пойтахт ва вилояти Маскав тибқи нақшаи мувофиқашуда бо мақомот баргузор мешавад, гуфт муфтиёти Русия.
Манбаъ афзуд, намози ид дар ҳамаи масоҷиди Маскав, аз ҷумла дар масҷидҳои ҷомеъ, ёдбудӣ ва таърихии пойтахт баргузор гардид.
Ҳамчунин дар 55 мавзеи дигари вилояти Маскав барои намози ид шароит фароҳам шудаст.
Дар ин миён муҳоҷирони тоҷикистонӣ, ки шумораашон дар шаҳру вилоёти Русия садҳо ҳазор нафар арзёбӣ мешавад, дар намози идона иштирок намуданд.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин низ ахиран мусулмонони кишварро бо иди Қурбон табрик гуфта, қайд кард, ки ин ид ба таҳкими ормонҳои некӣ, шафқат ва адолат дар ҷомеа хидмат мекунад.
Ба гуфтаи Владимир Путин, ки ҷомеаи мусулмонони Русия дар ҳаёти кишвар нақши бузург дошта, дар таҳкими сулҳи байни миллатҳо ва динҳо, ҳифзи арзишҳои оилавӣ ва тарбияи насли наврас саҳми арзанда мегузорад.