Қазоқистон ҳаҷми дороии ғайриқонунӣ содиршударо эълон кард

© Sputnik / Дмитрий АстаховМужчина закрывает портфель, архивное фото
Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2023
Обуна шудан
Қазоқистон қасд дорад, дороиҳои ғайриқонунии гирифташуда аз давлатро баргардонад, аз ҷумла дороиҳоеро, ки хилофи қонун ба хориҷ бурда шудаанд
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Додситонии кулли Қазоқистон дар садади таъсиси ниҳоди алоҳида барои баргардонидани дороиҳои ғайриқонунӣ хориҷшуда мебошад.
Дар ин бора Sputnik Қазоқистон аз қавли додситонии кулли кишвар иттилоъ дода, афзуд, ки дар назар аст, дар ниҳоди ҷадид ҳудуди 100 нафар кор кунанд.
Таъкид шудааст, ки ташкили ниҳоди нав дар доираи қонуни ҷадиди Қазоқистон дар бораи баргардондани дороиҳои ғайриқонунӣ гирифтаи давлат пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла дороиҳои ғайриқонунӣ хориҷшуда низ дар назар аст, ба давлат баргардонда шаванд.
Вазири адлияи кишвар, Азамат Есқараев, дар ҳошияи ҷаласаи Сенат бо такя ба ҳисоби коршиносони мустақил, ҳаҷми дороиҳои ғайриқонунӣ аз Қазоқистон берун кашидашударо ҳудуди 160 млрд доллар ҳисоб кардааст.
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Казахстана К.-Ж. Токаевым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2023
Тоқаев бо Путин тафсилоти сафар ба Қазоқистонро баррасӣ кард
Маврид ба зикр аст, ки аъзои сенати порлумони Қазоқистон қонун "Дар бораи баргардонидани дороиҳои ғайриқонунӣ ба даст овардашуда ба давлат"-ро дар ду хониш тасвиб карданд.
Қонун ба муайян намудани механизмҳои ошкор ва ба давлат баргардонидани дороиҳои ғайриқонунӣ ба даст овардашуда ва ҷалби онҳо ба муомилоти қонунии иқтисодӣ нигаронида шудааст.
Тибқи ин қонун, ниҳоди алоҳида баргардонидани дороиҳои ғайриқонунӣ гирифташударо танзим мекунад.
Лентаи хабарҳо
0