https://sputnik.tj/20230627/toqaev-putin-tafsilot-safar-qazoqiston-barrasi-1057942721.html
Тоқаев бо Путин тафсилоти сафар ба Қазоқистонро баррасӣ кард
Тоқаев бо Путин тафсилоти сафар ба Қазоқистонро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Қазоқистон тафсилоти суҳбати телефонияшро, ки ахиран бо президенти Русия анҷом дод, дар суҳбат бо журналистон баён дошт
2023-06-27T14:05+0500
2023-06-27T14:05+0500
2023-06-27T16:32+0500
дар русия
сиёсат
қазоқистон
қосим -жомарт тоқаев
идм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0a/1045736930_0:0:2901:1632_1920x0_80_0_0_0f15bdd5b8adb825aee2ebf83a52b67f.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Президенти Русия, Владимир Путин тирамоҳи соли равон аз Қазоқистон боздид хоҳад кард. Дар ин бора раисҷумҳури Қазоқистон, Қосим Ҷомарт Тоқаев иттилоъ дода, афзуд, ки тафсилоти ин сафар зимни сӯҳбати телефонии ахир бо Путин баррасӣ шуд. Тоқаев зимни табрики намояндаҳои ВАО-и Қазоқистон бо иди касбияшон изҳор дошт, ки зимни сӯҳбати телефонии ахир бо Путин, ҳамаҷониба аз иқдомоти ӯ ҳимоят кардааст."Аз худи аввал зимни суҳбати телефонӣ бо президенти Русия ман изҳор доштам, ки иқдоми ӯ барои ҳифз ва таҳкими сохти конститутсионӣ ва қонуният ҷонибдорӣ мекунам", - гуфт Тоқаев. Ба гуфтаи Тоқаев, бо назардошти иқтидори давлати Русия ва шахсияти роҳбари миллии он дар ин бора ҳеҷ шакке набуд."Мо ҳатто сафари дарпешистодаи раисиҷумҳури Русия ба Қазоқистонро дар тирамоҳи соли ҷорӣ баррасӣ кардем. Феълан низ мавқеъи усулии Қазоқистонро дар мавриди таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба бо Русия дар формати шарикии дарозмуддат ва устувори стратегӣ тасдиқ мекунам", - изҳор дошт роҳбари Қазоқистон. Вай афзуд, боварӣ дорам, ки чунин мавқеъ ба манфиатҳои мардум комилан мувофиқ аст. Раисиҷумҳури Қазоқистон гуфт, шаҳрвандони кишвараш кӯшиши исёнро бо нигаронии зиёд қабул карданд. Ин фаҳмо аст, зеро байни Қазоқистон ва Русия тӯлонитарин сарҳади давлатии ҷаҳон аст ва дар фазои ягонаи иқтисодӣ қарор доранд, афзуд Тоқаев.
https://sputnik.tj/20230627/rusiya-chin-naqshaho-nato-avruosiyo-barham-1057938869.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0a/1045736930_23:0:2696:2005_1920x0_80_0_0_37376c9b66d60b91527969d74bc2f04e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, қазоқистон, раисҷумҳур, путин, тоқаев, баён, суҳбат
президент, қазоқистон, раисҷумҳур, путин, тоқаев, баён, суҳбат
Тоқаев бо Путин тафсилоти сафар ба Қазоқистонро баррасӣ кард
14:05 27.06.2023 (Навсозишуда: 16:32 27.06.2023) Раисҷумҳури Қазоқистон тафсилоти суҳбати телефонияшро, ки ахиран бо президенти Русия анҷом дод, дар сӯҳбат бо журналистон баён дошт
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Президенти Русия, Владимир Путин тирамоҳи соли равон аз Қазоқистон боздид хоҳад кард.
Дар ин бора раисҷумҳури Қазоқистон, Қосим Ҷомарт Тоқаев иттилоъ дода, афзуд, ки тафсилоти ин сафар зимни сӯҳбати телефонии ахир бо Путин баррасӣ шуд.
Тоқаев зимни табрики намояндаҳои ВАО-и Қазоқистон бо иди касбияшон изҳор дошт, ки зимни сӯҳбати телефонии ахир бо Путин, ҳамаҷониба аз иқдомоти ӯ ҳимоят кардааст.
"Аз худи аввал зимни суҳбати телефонӣ бо президенти Русия ман изҳор доштам, ки иқдоми ӯ барои ҳифз ва таҳкими сохти конститутсионӣ ва қонуният ҷонибдорӣ мекунам", - гуфт Тоқаев.
Ба гуфтаи Тоқаев, бо назардошти иқтидори давлати Русия ва шахсияти роҳбари миллии он дар ин бора ҳеҷ шакке набуд.
"Мо ҳатто сафари дарпешистодаи раисиҷумҳури Русия ба Қазоқистонро дар тирамоҳи соли ҷорӣ баррасӣ кардем. Феълан низ мавқеъи усулии Қазоқистонро дар мавриди таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба бо Русия дар формати шарикии дарозмуддат ва устувори стратегӣ тасдиқ мекунам", - изҳор дошт роҳбари Қазоқистон.
Вай афзуд, боварӣ дорам, ки чунин мавқеъ ба манфиатҳои мардум комилан мувофиқ аст.
Раисиҷумҳури Қазоқистон гуфт, шаҳрвандони кишвараш кӯшиши исёнро бо нигаронии зиёд қабул карданд.
Ин фаҳмо аст, зеро байни Қазоқистон ва Русия тӯлонитарин сарҳади давлатии ҷаҳон аст ва дар фазои ягонаи иқтисодӣ қарор доранд, афзуд Тоқаев.