https://sputnik.tj/20230627/rusiya-chin-naqshaho-nato-avruosiyo-barham-1057938869.html
Русия ва Чин қасд доранд нақшаҳои НАТО дар Авруосиёро барҳам зананд
Русия ва Чин қасд доранд нақшаҳои НАТО дар Авруосиёро барҳам зананд
Sputnik Тоҷикистон
НАТО ҳадафи худро ба минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором гузошта, саъй дорад фазои умумии Авруосиёро ба шабакаи клубҳои истисноӣ ва блокҳои низомӣ тақсим кунад 27.06.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-06-27T12:11+0500
2023-06-27T12:11+0500
2023-06-27T16:45+0500
русия
чин
сиёсат
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/02/1047291421_0:47:2225:1299_1920x0_80_0_0_b5d41ebced232ad4559aeb1a827d46d9.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Русия ва Чин бо саъю талоши якҷоя қодиранд нақшаҳои хавфноки Ғарб ва Иттиҳоди Атлантикаи Шимолиро, ки кушиш доранд ваҳдатро дар фазои умумии Авруосиё вайрон кунанд, барбод диҳанд. Дар ин бора Игор Моргулов, сафири Русия дар Чин дар маросими ифтитоҳи конфронси VIII байналмилалии "Русия ва Чин: ҳамкорӣ дар давраи нав" изҳор дошт. Ба гуфтаи вай, ҳадафи НАТО ворид шудан ба минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором буда, "кӯшиш мекунад, ки фазои умумии Авруосиёро ба шабакаи клубҳои истисноӣ ва блокҳои низомӣ тақсим кунад". "Ин нақшаҳои хеле хатарноканд, дӯстони азиз, аммо ман итминон дорам, ки Русия ва Чин метавонанд бо талошҳои муштарак аз ин нақшаҳои хатарнок ҷилавгирӣ кунанд",- гуфт сафир. Чунон ки Моргулов зикр намуд, дар ин замина "таҷдиди координатсияи сиёсати берунии Русия ва Чин" хеле муҳим аст. Шӯрои равобити байналмилалии Русия ва Академияи улуми иҷтимоии Чин аз соли 2015 ҳамасола дар Маскав ва Пекин конфронси муштарак баргузор мекунанд. Онҳо ба форумҳои пешбари коршиносони Русия ва Чин табдил ёфтаанд, ки масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ мекунанд. Ин бор тамаркуз ба чолишҳои Чину Русия дар вазъияти душвори геополитикии ҷаҳонӣ равона шудааст.
https://sputnik.tj/20230619/chin-pasttarin-nuqta-ravobit-vashington-1057781362.html
русия
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/02/1047291421_217:0:2009:1344_1920x0_80_0_0_373d709aca2d308fb1594f62eb7b8e77.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, чин, сиёсат , дар ҷаҳон
русия, чин, сиёсат , дар ҷаҳон
Русия ва Чин қасд доранд нақшаҳои НАТО дар Авруосиёро барҳам зананд
12:11 27.06.2023 (Навсозишуда: 16:45 27.06.2023) НАТО ҳадафи худро ба минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором гузошта, саъй дорад фазои умумии Авруосиёро ба шабакаи клубҳои истисноӣ ва блокҳои низомӣ тақсим кунад
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Русия ва Чин бо саъю талоши якҷоя қодиранд нақшаҳои хавфноки Ғарб ва Иттиҳоди Атлантикаи Шимолиро, ки кушиш доранд ваҳдатро дар фазои умумии Авруосиё вайрон кунанд, барбод диҳанд.
Дар ин бора Игор Моргулов, сафири Русия дар Чин дар маросими ифтитоҳи конфронси VIII байналмилалии "Русия ва Чин: ҳамкорӣ дар давраи нав" изҳор дошт.
"Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ, ки аз ҷониби Вашингтон идора мешавад, кӯшиш мекунад, ки ба фаъолияти худ доираи ҷаҳонӣ диҳад",- гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи НАТО ворид шудан ба минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором буда, "кӯшиш мекунад, ки фазои умумии Авруосиёро ба шабакаи клубҳои истисноӣ ва блокҳои низомӣ тақсим кунад".
"Ин нақшаҳои хеле хатарноканд, дӯстони азиз, аммо ман итминон дорам, ки Русия ва Чин метавонанд бо талошҳои муштарак аз ин нақшаҳои хатарнок ҷилавгирӣ кунанд",- гуфт сафир.
Чунон ки Моргулов зикр намуд, дар ин замина "таҷдиди координатсияи сиёсати берунии Русия ва Чин" хеле муҳим аст.
Шӯрои равобити байналмилалии Русия ва Академияи улуми иҷтимоии Чин аз соли 2015 ҳамасола дар Маскав ва Пекин конфронси муштарак баргузор мекунанд.
Онҳо ба форумҳои пешбари коршиносони Русия ва Чин табдил ёфтаанд, ки масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ мекунанд.
Ин бор тамаркуз ба чолишҳои Чину Русия дар вазъияти душвори геополитикии ҷаҳонӣ равона шудааст.