Ҳушдори Додон ба мақомоти Молдова дар бораи тарки ИДМ

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкДействующий президент Молдавии Игорь Додон
Действующий президент Молдавии Игорь Додон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2023
Обуна шудан
Собиқ раисҷумҳури Молдова Игор Додон бар он аст, ки тарки Молдова аз Созмони ИДМ барои кишвараш иштибоҳи стратегӣ хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Хуруҷи Молдова аз ИДМ яке аз иштибоҳҳои стратегӣ дар сиёсати хориҷии раҳбарияти кунунии кишвар хоҳад буд, гуфт президенти собиқи Молдова, котиби иҷроияи Ҳизби мухолифи сотсиалистҳо Игор Додон дар шабакаи телеграми худ.
Аз соли гузашта мақомоти Молдова дар бораи зарурати бекор кардани як қатор созишномаҳо бо ИДМ ҳарф мезананд.
Вазоратҳо ният доранд, тамоми созишномаҳоро бо ИДМ таҳлил намуда, созишномаҳои "бетаъсир" гаштаро бекор намоянд. Ва ба ҷои онҳо бо кишварҳои узви ИДМ шартномаҳои дутарафа ба имзо расонанд.
Илова бар ин, бо дастури раиси порлумон, раҳбари ҳизби ҳокими "Амал ва ҳамраъйӣ" Игор Гросу, кабинаи вазирон тарҳи қонун дар бораи хуруҷи Молдова аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ омода кардааст.
Президент России Владимир
 Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2023
Путин шарики аслии Русия дар ИДМ-ро ном бурд
"Хуруҷи Молдова аз ИДМ, хоҳ платформаи парлумонӣ бошад, хоҳ созишномаҳои дигар, яке аз иштибоҳҳои стратегӣ дар сиёсати хориҷии роҳбарияти феълии кишвар аст. Гросс ва дигар намояндагони ҳукумати феълӣ бояд дар бораи манфиатҳои шаҳрвандони мо андеша кунанд ва на дар бораи он ки чӣ тавр ба лухтакбозони беруна писанд оянд", - гуфт Додон дар паёми видеоӣ.
Ба гуфтаи вай, пайомадҳои бекор кардани қарордодҳо бо кишварҳои ИДМ барои мардуми Молдова фоҷиабор хоҳад буд.
"Ба ин гуна хатогиҳо роҳ додан комилан ғайриимкон аст, ҳатто агар шарикони ғарбӣ инро талаб кунанд", - таъкид кард собиқ раисҷумҳури ин кишвар.
Бар асоси назарсанҷиҳо, аксарияти мардуми Молдова ҷонибдори идомаи равобити иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ бо Русия ҳастанд.
Муносибатҳои Молдова ва Русия имрӯз дар сатҳи сафоратхонаҳо нигоҳ дошта мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0