Путин шарики аслии Русия дар ИДМ-ро ном бурд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент России Владимир Путин
Президент России Владимир
 Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2023
Обуна шудан
Дар шароити таҳримҳо ва даст кашидани як қатор кишварҳои ғарбӣ аз ҳамкорӣ минтақаҳои Русия ва Беларус савдои мутақобиларо таҳким бахшида истодаанд
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Белорус аз нигоҳи ҳаҷми додугирифти мол бо Русия миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷои якум қарор дорад.
Ин нуктаро президент Владимир Путин дар паёми видеоии худ ба иштирокчиёни ҷаласаи Форуми минтақаҳои Русия ва Беларус баён дошт. Ба гуфтаи Путин, Беларус барои Русия аввалин шарики тиҷоратӣ дар ИДМ ва чаҳорумин дар миқёси ҷаҳон аст.
"Белорус нахустин шарики тиҷоратии Русия дар миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва чаҳорумин дар ҷаҳон мебошад. . Соли гузашта гардиши мол 12% афзоиш ёфта, аз 3 трлн рубл гузашт", - гуфт Путин.
Вай афзуд, ин тамоюли мусбат таҳким меёбад ва дар моҳҳои январ-апрели соли равон тиҷорати мутақобила боз ба андозаи 11%-и дигар афзоиш ёфт.
Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2023
Лукашенко гуфт, ки дар сурати фурӯпошии Русия ҳама нобуд мешаванд
Чунин нишондиҳандаҳо, ба гуфтаи Путин, ба шарофати ҳамкории минтақаҳои ду кишвар имконпазир шуданд.
Вай қайд кард, ки қариб ҳамаи субъектҳои Русия бо Беларус робитаҳои мутақобилан судманд доранд.
"Дар баробари ин Шарқи Дур, Сибир, Қрим ва Севастопол бо шарикони белорус робитаҳоро фаъолтар карданд. Минтақаҳои нави Русия низ ба пайвастан ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ ҳавасмандӣ зоҳир мекунанд", - гуфт президенти Русия.
Владимир Путин таъкид намуд, дар шароити таҳримҳо ва даст кашидани як қатор кишварҳои ғарбӣ аз ҳамкорӣ, минтақаҳои Русия ва Беларус савдои мутақобиларо таҳким бахшида, тавлидотро ба бозори ҳамдигар равона карда истодаанд.
Лентаи хабарҳо
0