https://sputnik.tj/20230629/hushdor-tufon-jang-ghubor-sel-khatlon-vmkb-1057988277.html
Ҳушдор аз туфони ҷангу ғубор ва сел дар Хатлону ВМКБ
Ҳушдор аз туфони ҷангу ғубор ва сел дар Хатлону ВМКБ
Sputnik Тоҷикистон
Аз 29 июн то 5 июли соли 2023 дар як қатор ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани сели пиряхӣ пешгӯӣ шудааст
2023-06-29T17:35+0500
2023-06-29T17:35+0500
2023-06-29T17:35+0500
дар тоҷикистон
кҳф
огоҳӣ аз хатар
чангу ғубор
вмкб
хатлон
сел
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1b/1057939885_0:0:960:540_1920x0_80_0_0_7ae3abfd626e5ca4691b9b64101bf85c.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар қисматҳои ҷануб ва шарқи Тоҷикистон ҳавои ноустувор авоили моҳи июл низ давом хоҳад кард.Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар бо як ҳушдор иттилоъ додааст.Ин ниҳод бо такя ба Агентии обуҳавошиносии кишвар гуфтааст, ки аз 30 июн то 2 июли соли 2023 дар вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ тӯфони чангу ғубор идома хоҳад ёфт. Ҳамчунин, рӯзҳои 3-4 июл бошад, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ вазиши шамоли шадид бо суръати 13-18 м/с пешгӯӣ шуда, дар натиҷа туфони чангу ғубор ба амал меояд. Ба иттилои ин ниҳод, аз 29 июн то 5 июли соли 2023 дар як қатор ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани сели пиряхӣ пешгӯӣ шудааст.Ин ниҳод, дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳои маҳаллиро аз эҳтимол дур намедонад.Кумита бинобар тағйирёбии обу ҳаво бо мақсади пешгирӣ намудани ходисаҳои нохуш такроран аз аҳолӣ даъват менамояд, ки то ҳадди имкон эҳтиёткор бошанд ва чунин тавсияҳоро риоя кунанд:
https://sputnik.tj/20230601/vhf-rusiya-mujahhaz-markaz-najot-tojikiston-kumak-1057475062.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1b/1057939885_120:0:840:540_1920x0_80_0_0_6c639a9ac7af3403ceeed092806ea8e1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор туфон ҷанг ғубор сел хатлон вмкб
ҳушдор туфон ҷанг ғубор сел хатлон вмкб
Ҳушдор аз туфони ҷангу ғубор ва сел дар Хатлону ВМКБ
Аз 29 июн то 5 июли соли 2023 дар як қатор ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани сели пиряхӣ пешгӯӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар қисматҳои ҷануб ва шарқи Тоҷикистон ҳавои ноустувор авоили моҳи июл низ давом хоҳад кард.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар бо як ҳушдор иттилоъ додааст.
Ин ниҳод бо такя ба Агентии обуҳавошиносии кишвар гуфтааст, ки аз 30 июн то 2 июли соли 2023 дар вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ тӯфони чангу ғубор идома хоҳад ёфт.
Ҳамчунин, рӯзҳои 3-4 июл бошад, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ вазиши шамоли шадид бо суръати 13-18 м/с пешгӯӣ шуда, дар натиҷа туфони чангу ғубор ба амал меояд.
"Рӯзҳои 29 июн ва 5 июли соли 2023 дар қаламрави вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бар асари омилҳои метеорологӣ (тӯфони ғубор), ифлосшавии ҳавои атмосфера бо моддаҳои мубтало (ғубор), ки зарраҳои он 10 микромет (Rm-10) ва 2,5 микромет(Rm-2,5) хоҳад буд", - афзудааст манбаъ.
Ба иттилои ин ниҳод, аз 29 июн то 5 июли соли 2023 дар як қатор ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани сели пиряхӣ пешгӯӣ шудааст.
Ин ниҳод, дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳои маҳаллиро аз эҳтимол дур намедонад.
Кумита бинобар тағйирёбии обу ҳаво бо мақсади пешгирӣ намудани ходисаҳои нохуш такроран аз аҳолӣ даъват менамояд, ки то ҳадди имкон эҳтиёткор бошанд ва чунин тавсияҳоро риоя кунанд:
зимни ҳаракат дар манотиқи куҳӣ бехатариро риоя намоед;
ҳангоми ба шикор ё моҳидорӣ рафтан эҳтиёткор бошед;
кӯдаконро дар обанборҳо беназорат ё танҳо нагузоред, ба онҳо дар бораи манъи шиноварӣ дар ҷойҳои таҷҳизнадошта хотиррасон кунед.
дар сурати ифлосшавии хаво ниқобҳо пӯшед, дар биноҳо тозакунии тар гузаронед.