ВҲФ Русия барои муҷаҳҳазсозии маркази наҷотдиҳӣ дар Тоҷикистон кумак мекунад

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкДесантная подготовка сотрудников МЧС РФ
Десантная подготовка сотрудников МЧС РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2023
Обуна шудан
КҲФ-и ҷумҳурӣ дар доираи ҳамкориҳои мунтазам бо як ниҳоди Русия дар соҳаи пешгирии ҳолатҳои фавқулода таҷҳизоти заруриро дарёфт хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия барои маркази таълими наҷотдиҳандагон дар Тоҷикистон таҷҳизот ва симуляторҳо медиҳад.
Дар ин бора РИА "Новости" бо истинод ба дафтари матбуоти ин вазорат хабар медиҳад.
"Роҳбарияти Русия ташаббуси Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ФР ҷиҳати муҷаҳҳаз кардани марказ бо таҷҳизот ва симуляторҳоро дастгирӣ намуд", - омадааст дар хабари вазорат.
Русия қасд дорад, барои кормандони Маркази миллии омодасозии наҷотдиҳандагон, ки дар Тоҷикистон таъсис мешавад, таҷҳизоти ҷадиди заруриро таъмин кунад.
Последствия Ливней в Джаббар Расуловском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2023
Рӯзҳои хатарнок дар Тоҷикистон идома меёбад: ҳушдори КҲФ
Вазорати ҳолатҳои фавқулода қайд кард, ки дар шароити мураккаби вазъи байналмилалӣ сохторҳои наҷоти ду кишвар ҳамкориҳоро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ба таври мунтазам густариш медиҳанд.
Пуштибонии ҳамкорони русӣ боз як "намунаи дурахшони чунин ҳамкорӣ" маҳсуб мешавад.
Лентаи хабарҳо
0