https://sputnik.tj/20230606/mavqei-judokoroni-tojik-radabandii-jahoni-1057582470.html
Мавқеъи ҷудокорони тоҷик дар радабандии ҷаҳонӣ иваз шуд: Кӣ дар кадом зина?
Мавқеъи ҷудокорони тоҷик дар радабандии ҷаҳонӣ иваз шуд: Кӣ дар кадом зина?
Sputnik Тоҷикистон
Натиҷаи мусобиқаи байналмилалии "Dushanbe Grand Prix 2023", ки ахиран анҷом ёфт, мақоми паҳлавонҳои тоҷикро дар радабандии ҷаҳонӣ тағйир дод
2023-06-06T20:21+0500
2023-06-06T20:21+0500
2023-06-06T20:21+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дзюдо
гран прии дзюдо
душанбе
мусобиқа
як зина боло
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/17/1047021763_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_9705d06b0028f3b1ff445e51d4a73b97.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Ҷудокори шинохтаи тоҷик, Темур Раҳимов мавқеашро дар зинаи аввали вазни +100кг дар радабандии ҷаҳонӣ ҳифз кард, иттилоъ дод Федератсияи ҷудои Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, Меҳрзод Суфиев, ки дар Гран Прии Душанбе медали биринҷӣ гирифт, дар вазни -60кг 249 зина боло рафта, дар мақоми 86-уми радабандӣ ҷой гирифт. Барандагони медалҳои тилои Гран Прии Душанбе - Обид Ҷебов (-66кг) 66 зина то мақоми 43 , Сомон Маҳмадбеков (-81кг) 2 зина то мақоми 65-ум , Комроншоҳ Устопириён 4 зина то ҷоий 12-ум боло рафт. Барандагони медалҳои нуқра - Шодмон Ризоев (-81кг) 15 зина то то мақоми 38, Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) 9 зина боло то ҷойи 26-ум расид. Шакармамад Мирмамадов (+100кг) 133 зина то ба , Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг) 59 зина, Мавлуда Одинаева (-63кг) 97 зина боло баромаданд.ФҶТ афзуд, Қурбонзода Мадина (-48кг) дар аввалин иштирокаш дар мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо 182 хол гирифта, дар ҷои 92-юм мавқеъ дорад.Ин таъкид кард, ки агар агар пеш аз Чемпионати ҷаҳони ҷудо дар Доҳа Тоҷикистон 11 варзишгар дар 100-гона дошт, ҳоло 17 паҳлавони тоҷик дар ТОП 100-и ҷаҳон қарор доранд. Маврид ба зикр аст, ки ҷудокорони тоҷик мусобиқа 3 медали тило, 3 нуқра ва 1 биринҷиро ба даст оварданд.Инчунин, "Dushanbe Grand Prix 2023" барои варзишкорон холҳои олимпӣ меорад. Аз ҷумла барои ҷойи 1 - 700 хол, 2 - 490 ва ҷойи 3 - 350 хол илова мегардад.
https://sputnik.tj/20230605/lahza-jolib-grand-prix-dushanbe-video-1057556422.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/17/1047021763_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_4c48464733cda00170fdbfaa2bc2419c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷудокорон, радабандӣ, тоҷик, ҷаҳонӣ, зина
ҷудокорон, радабандӣ, тоҷик, ҷаҳонӣ, зина
Мавқеъи ҷудокорони тоҷик дар радабандии ҷаҳонӣ иваз шуд: Кӣ дар кадом зина?
Натиҷаи мусобиқаи байналмилалии "Dushanbe Grand Prix 2023", ки ахиран анҷом ёфт, мақоми паҳлавонҳои тоҷикро дар радабандии ҷаҳонӣ тағйир дод
ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Ҷудокори шинохтаи тоҷик, Темур Раҳимов мавқеашро дар зинаи аввали вазни +100кг дар радабандии ҷаҳонӣ ҳифз кард, иттилоъ дод Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Меҳрзод Суфиев, ки дар Гран Прии Душанбе медали биринҷӣ гирифт, дар вазни -60кг 249 зина боло рафта, дар мақоми 86-уми радабандӣ ҷой гирифт.
Барандагони медалҳои тилои Гран Прии Душанбе - Обид Ҷебов (-66кг) 66 зина то мақоми 43 , Сомон Маҳмадбеков (-81кг) 2 зина то мақоми 65-ум , Комроншоҳ Устопириён 4 зина то ҷоий 12-ум боло рафт.
Барандагони медалҳои нуқра - Шодмон Ризоев (-81кг) 15 зина то то мақоми 38, Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) 9 зина боло то ҷойи 26-ум расид.
Шакармамад Мирмамадов (+100кг) 133 зина то ба , Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг) 59 зина, Мавлуда Одинаева (-63кг) 97 зина боло баромаданд.
ФҶТ афзуд, Қурбонзода Мадина (-48кг) дар аввалин иштирокаш дар мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо 182 хол гирифта, дар ҷои 92-юм мавқеъ дорад.
Ин таъкид кард, ки агар агар пеш аз Чемпионати ҷаҳони ҷудо дар Доҳа Тоҷикистон 11 варзишгар дар 100-гона дошт, ҳоло 17 паҳлавони тоҷик дар ТОП 100-и ҷаҳон қарор доранд.
Маврид ба зикр аст, ки ҷудокорони тоҷик мусобиқа 3 медали тило, 3 нуқра ва 1 биринҷиро ба даст оварданд.
Инчунин, "Dushanbe Grand Prix 2023" барои варзишкорон холҳои олимпӣ меорад. Аз ҷумла барои ҷойи 1 - 700 хол, 2 - 490 ва ҷойи 3 - 350 хол илова мегардад.