Дар Суғд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳанӯз бо кор сар накарда оташ гирифт - акс

© SputnikВ Джаббар-Расуловском районе сгорела новая АЗС
В Джаббар-Расуловском районе сгорела новая АЗС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Ахиран як нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Кабир 77” дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба коми оташ фуру рафтааст
ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ки ба маҳалли ҳодиса рафтааст мегуяд, бар асари ин ҳодисаи нохуш иморат ва асбобу таҷҳизотҳои техникии таъминкунандаи маводи сӯхт сип сиёҳ ба хокистар табил шудаанд.
Бино ба гуфтаи Фаррух Юсуфӣ, сардори Идораи сӯхторнишонии ноҳияи Ҷаббор Расулов, сӯхтор тақрибан соати 9:25 дақиқа рух додааст.
“Сӯхтор дар масоҳати 40 метри мураббаъ доман паҳн кардааст. Хушбахтона алангаи оташ то бучкаи калони захиракунандаи газу бензин нарасида ва касе аз кормандони иншоот осеби ҷиддии ҷисмонӣ набардоштаанд” - гуфт, Юсуфӣ.
Нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Кабир 77” навсохтмон буда, тоза барои шурӯъ намудани фаъолият омодагӣ медид, вале ба коми оташ рафтааст.
© SputnikВ Джаббар-Расуловском районе сгорела новая АЗС
В Джаббар-Расуловском районе сгорела новая АЗС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2023
В Джаббар-Расуловском районе сгорела новая АЗС
Баъзе ронандаҳои шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд, шоҳиди ҳодиса шудаанд, гуфтанд, ки сӯхтор ба дараҷае шиддат гирифт, ки дуди сиёҳи он то ба фарози осмон мепечид.
Бино ба иттилоъи мақомот барои хомӯш намудани оташсӯзӣ 13 адад нақлиёти обпошандаи идораи сӯхторнишонӣ аз шаҳру навоҳии Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров ва Хуҷанду спитамен сафарбар карда шудаанд.
© SputnikВ Джаббар-Расуловском районе сгорела новая АЗС
В Джаббар-Расуловском районе сгорела новая АЗС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2023
В Джаббар-Расуловском районе сгорела новая АЗС
Зимнан мақомот сабаб ва зарари расида аз ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Бар пояи иттилоъи мақомот давоми соли гузашта дар Суғд беш аз 460 мавриди оташсӯзӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бисёрашон дар пайи нақзи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор рух додаанд.
Лентаи хабарҳо
0