https://sputnik.tj/20230629/bahsi-ofathoi-tabii-dar-jalasai-hukumati-tojikiston-1057992289.html
Баҳси офатҳои табиӣ дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон
Баҳси офатҳои табиӣ дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон дар баробари масоили дигари иқтисоди иҷтимоӣ офатҳои табии зиёновар низ баррасӣ шуданд 29.06.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-06-29T20:18+0500
2023-06-29T20:18+0500
2023-06-29T20:18+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
офат
табиӣ
мубориза
оила
зиён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054449938_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_68699f2f13fdaaecbf45832c746338f7.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Масъулини ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирӣ ва бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиии марбут ба селу обхезӣ дар кишвар муваззаф шудаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, афзуд, ки масъалаи мазкур дар ҷаласаи ҳукумат таҳти раёсати президент, Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин хостори захираи кофии маҳсулоти кишоварзӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили дар саҳробуда, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гардидаст. Маврид ба зикр аст, ки ахиран дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо, баландшавии оби дарёи Шоҳдара ва омадани сел дар деҳаи Миденведи деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон офати табиӣ рух дод.Офати табиӣ ба чандин хонаи истиқоматии аҳолӣ, роҳу пулҳо, иншооти иҷтимоӣ ва заминҳои кишоварзӣ зарар расонид. Дар натиҷа комиссияи ҳукуматӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд.Раисҷумҳури Тоҷикистон ба сарвазири мамлакат, комиссияи ҳукуматӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, дигар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти дахлдор дастур додаст, ки барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиии рухдода тамоми тадбирҳои зарурӣ ва фавриро амалӣ намоянд.Дастур дода шуд, ки барои таъмини бехатарии аъзои 210 оилаи дар назди соҳили Шоҳдара ҷойгиршуда, аз ҷумла ба ҷойҳои бехавф кӯчонидан, бо маводи ғизоӣ ва дигар шароити зарурии зиндагӣ таъмин кардани онҳо, чораандешӣ шавад.
https://sputnik.tj/20230629/hushdor-tufon-jang-ghubor-sel-khatlon-vmkb-1057988277.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054449938_119:0:1936:1363_1920x0_80_0_0_d68b7d836f3b2ac572158d1da94fefb6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, офат, табиӣ, мубориза, оила, зиён
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, офат, табиӣ, мубориза, оила, зиён
Баҳси офатҳои табиӣ дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон
Дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон дар баробари масоили дигари иқтисоди иҷтимоӣ офатҳои табии зиёновар низ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Масъулини ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирӣ ва бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиии марбут ба селу обхезӣ дар кишвар муваззаф шудаанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, афзуд, ки масъалаи мазкур дар ҷаласаи ҳукумат таҳти раёсати президент, Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин хостори захираи кофии маҳсулоти кишоварзӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили дар саҳробуда, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гардидаст.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо, баландшавии оби дарёи Шоҳдара ва омадани сел дар деҳаи Миденведи деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон офати табиӣ рух дод.
Офати табиӣ ба чандин хонаи истиқоматии аҳолӣ, роҳу пулҳо, иншооти иҷтимоӣ ва заминҳои кишоварзӣ зарар расонид. Дар натиҷа комиссияи ҳукуматӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба сарвазири мамлакат, комиссияи ҳукуматӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, дигар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти дахлдор дастур додаст, ки барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиии рухдода тамоми тадбирҳои зарурӣ ва фавриро амалӣ намоянд.
Дастур дода шуд, ки барои таъмини бехатарии аъзои 210 оилаи дар назди соҳили Шоҳдара ҷойгиршуда, аз ҷумла ба ҷойҳои бехавф кӯчонидан, бо маводи ғизоӣ ва дигар шароити зарурии зиндагӣ таъмин кардани онҳо, чораандешӣ шавад.