https://sputnik.tj/20230628/suporishi-rahmon-baroi-bartarafsozii-oqibathoi-ofati-tabii-dar-nohiyai-roshtqala-1057967900.html
Супориши Раҳмон барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъа
Супориши Раҳмон барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъа
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикиситон ба масъулин дастур додааст, ки барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиии рухдода дар Рошқалъа тадбирҳои зарурӣ ва фавриро андешанд
2023-06-28T16:00+0500
2023-06-28T16:00+0500
2023-06-28T16:06+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
раисҷумҳур
супориш
дастур
офати табиӣ
бартарафсозӣ
вмкб
сел
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1c/1057964030_0:0:960:540_1920x0_80_0_0_bcacb316cdc0e281368f8e2363b34599.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Бо супориши раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон комиссияи ҳукуматӣ дар умури бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбюуоти президент.Раҳбари кишвар ба сарвазир, комиссияи ҳукуматӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, дигар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти дахлдор дастур дод, ки барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиии рухдода тамоми тадбирҳои зарурӣ ва фавриро амалӣ намоянд.Тибқи иттилои манбаъ кишвардори Тоҷикистон дастур додаааст, ки барои таъмини бехатарии аъзои 210 оилаи дар назди соҳили Шоҳдара ҷойгиршуда, аз ҷумла ба ҷойҳои бехавф кӯчонидан, бо маводи ғизоӣ ва дигар шароити зарурии зиндагӣ таъмин кардани онҳо, инчунин, барқарор намудани хонаҳои осебдида чораҳои бетаъхир андешида шаванд.Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо, баландшавии оби дарёи Шоҳдара ва омадани сел дар деҳаи Миденведи деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон офати табиӣ рух дод.Офати табиӣ ба чандин хонаи истиқоматии аҳолӣ, роҳу пулҳо, иншооти иҷтимоӣ ва заминҳои кишоварзӣ зарар расонид.
https://sputnik.tj/20230628/rohho-nohiya-roshqala-boz-mardum-barq-1057964211.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1c/1057964030_40:0:760:540_1920x0_80_0_0_ffa439ebe5354b793dada365d44bff66.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, раҳмон, супориш, бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, сел, дастур, тадбирҳои зарурӣ, эмомалӣ раҳмон
тоҷикистон, раҳмон, супориш, бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, сел, дастур, тадбирҳои зарурӣ, эмомалӣ раҳмон
Супориши Раҳмон барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъа
16:00 28.06.2023 (Навсозишуда: 16:06 28.06.2023) Раисҷумҳури Тоҷикиситон ба масъулин дастур додааст, ки барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиии рухдода дар Рошқалъа тадбирҳои зарурӣ ва фавриро андешанд
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Бо супориши раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон комиссияи ҳукуматӣ дар умури бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбюуоти президент.
Раҳбари кишвар ба сарвазир, комиссияи ҳукуматӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, дигар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти дахлдор дастур дод, ки барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиии рухдода тамоми тадбирҳои зарурӣ ва фавриро амалӣ намоянд.
Тибқи иттилои манбаъ кишвардори Тоҷикистон дастур додаааст, ки барои таъмини бехатарии аъзои 210 оилаи дар назди соҳили Шоҳдара ҷойгиршуда, аз ҷумла ба ҷойҳои бехавф кӯчонидан, бо маводи ғизоӣ ва дигар шароити зарурии зиндагӣ таъмин кардани онҳо, инчунин, барқарор намудани хонаҳои осебдида чораҳои бетаъхир андешида шаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо, баландшавии оби дарёи Шоҳдара ва омадани сел дар деҳаи Миденведи деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон офати табиӣ рух дод.
Офати табиӣ ба чандин хонаи истиқоматии аҳолӣ, роҳу пулҳо, иншооти иҷтимоӣ ва заминҳои кишоварзӣ зарар расонид.