https://sputnik.tj/20230628/rohho-nohiya-roshqala-boz-mardum-barq-1057964211.html
Роҳҳои ноҳияи Рошқалъа боз ва мардум ба барқ таъмин шуданд
Роҳҳои ноҳияи Рошқалъа боз ва мардум ба барқ таъмин шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти ВМКБ мегӯяд, аҳолии деҳоти Барвоз ҳоло бо барқ таъмин аст ва роҳҳое, ки бар асари омадани сел баста шуда бунд боз шуданд
2023-06-28T13:55+0500
2023-06-28T13:55+0500
2023-06-28T14:09+0500
дар тоҷикистон
вмкб
сел
роҳҳо
барқ
таъмин кардан
бадахшон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1c/1057964030_0:0:960:540_1920x0_80_0_0_bcacb316cdc0e281368f8e2363b34599.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъа аз ҷойи ҳодиса, ки дӯ руз пеш дар Ҷамоати деҳоти Барвози деҳаи Миденвед сар зада буд, дидан кард.Раиси ВМКБ ба масъулин барои ҳарчӣ зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ба масъулин дастур дод.Манбаъ қайд кардааст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ роҳҳо дар ин самт кушода шуда, ҷамоатҳои боло бо барқ таъмин гардиданд.Ёдовар мешавем, ки ахиран дар ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа сел фаромад, ки ба сокинон зарари калони моддӣ расонид.Раиси ВМКБ аз ҷойи ҳодиса дидан намуда ва бо зарардидагон сӯҳбат намуданд.Иттилоъ дода шудааст, ки дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа ситод назди Раиси ВМКБ доир гардида, ҷиҳати бартараф намудани офати табиӣ ва барқарор намудани хонаҳои истиқоматӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дада шуда буд.Тибқи иттилои манбаъ, бино бар баланд гардидани ҳарорати ҳаво ва бо суръати тез об шудани барф дар доманакӯҳҳо, хатари фаромадани сел дар баъзе минтақаҳои вуҷуд дорад.
https://sputnik.tj/20230627/seli-kharobiovar-dar-nohiyai-roshtqala-khonahoro-shust-1057943696.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1c/1057964030_40:0:760:540_1920x0_80_0_0_ffa439ebe5354b793dada365d44bff66.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вмкб, тоҷикистон, сел, рошқалъа, роҳҳо, деҳаи барвоз, мақомот
вмкб, тоҷикистон, сел, рошқалъа, роҳҳо, деҳаи барвоз, мақомот
Роҳҳои ноҳияи Рошқалъа боз ва мардум ба барқ таъмин шуданд
13:55 28.06.2023 (Навсозишуда: 14:09 28.06.2023) Мақомоти ВМКБ мегӯяд, аҳолии деҳоти Барвоз ҳоло бо барқ таъмин аст ва роҳҳое, ки бар асари омадани сел баста шуда буданд, боз шуданд
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъа аз ҷойи ҳодиса, ки дӯ руз пеш дар Ҷамоати деҳоти Барвози деҳаи Миденвед сар зада буд, дидан кард.
Раиси ВМКБ ба масъулин барои ҳарчӣ зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ба масъулин дастур дод.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ роҳҳо дар ин самт кушода шуда, ҷамоатҳои боло бо барқ таъмин гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа сел фаромад, ки ба сокинон зарари калони моддӣ расонид.
Раиси ВМКБ аз ҷойи ҳодиса дидан намуда ва бо зарардидагон сӯҳбат намуданд.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа ситод назди Раиси ВМКБ доир гардида, ҷиҳати бартараф намудани офати табиӣ ва барқарор намудани хонаҳои истиқоматӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дада шуда буд.
Тибқи иттилои манбаъ, бино бар баланд гардидани ҳарорати ҳаво ва бо суръати тез об шудани барф дар доманакӯҳҳо, хатари фаромадани сел дар баъзе минтақаҳои вуҷуд дорад.