Нигаронӣ аз табдили ҳаҷ ба мусобиқаи авлодӣ дар Тоҷикистон

© © Sputnik / Амир ИсаевПаломники вернувшиеся с Хаджа в Душанбе
Паломники вернувшиеся с Хаджа в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз зиёдаравиҳо ҳангоми ба ҷо овардани маросиму маъракаҳо ва расму ойинҳои динӣ, аз ҷумла - анҷом додани маносики ҳаҷ нигаронӣ кард
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Вақтҳои охир ҳангоми ба ҷо овардани маросиму маъракаҳо ва расму ойинҳои динӣ, аз ҷумла - анҷом додани маносики ҳаҷ баъзе ҳамватанони мо зиёдаравӣ ва намоишкорӣ мекунанд, изҳор дошт раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон дар паёми шодбошияш ба муносибати иди Қурбон изҳор дошт, ки бархе аз шаҳрвандон зиёрати хонаи Худоро ба як навъ мусобиқаи оилавӣ ва авлодӣ табдил дода, чандин маротиба ба ҳаҷ, аз ҷумла ба ҳаҷҷи умра рафта истодаанд.
"Чунин рафтор дар ҳоле сурат гирифта истодааст, ки дар зиндагии оилаи аксари онҳо ва шароити хонаву дарашон мушкилоти зиёд вуҷуд доранд", - изҳор дошт ӯ.
Раисҷумҳур тавзеҳ дод, ки доир ба ин масъала дар маъхазҳои муътабари динӣ омадааст, ки "ҳаҷ фақат як бор воҷиб аст ва касе, ки бештар аз он ба ҳаҷ биравад, ҳаҷҷи ӯ суннат мебошад".
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон шахсоне, ки такрор ба такрор ба ҳаҷ мераванд, як нуктаи одиро дар назар дошта бошанд, ки барои савоб гирифтан аввал ба шароити зиндагии аҳли оила, фарзандон, падару модар, наздикону пайвандон, инчунин - ҳамсояҳои наздик, гирду атрофи худ ва маҳалли зисташон назар андозанд.
Президент России Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2023
Путин мусалмононро бо иди Қурбон табрик карду аз фидокорияшон тавсиф намуд
"Онҳо ҳатман хоҳанд дид, ки дар наздику атрофашон метавонанд бисёр корҳои хайрро анҷом диҳанд, ки ба нафъи оила, фарзандон, хешу табор ва ҷомеа буда, савоби ҷория ба ҳисоб мераванд", - гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ҳар яки мо, пеш аз ҳама, вазифадорем, ки барои худ, аҳли оила ва фарзандонамон шароити хубу бароҳати зиндагӣ, омӯхтани илму дониш, аз худ кардани касбу ҳунар, забономӯзӣ ва ғизои босифатро муҳайё созем.
Маврид ба зикр мусалмонони Тоҷикистону Русия дар баробари ҳамдинҳои дигарашон дар саросари ҷаҳон 28 июн иди Қурбонро таҷлил мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0