https://sputnik.tj/20230628/putin-musalmonon-id-qurbon-tabrik-1057958898.html
Путин мусалмононро бо иди Қурбон табрик карду аз фидокорияшон тавсиф намуд
Путин мусалмононро бо иди Қурбон табрик карду аз фидокорияшон тавсиф намуд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия дар паёмаш ба муносибати иди Қурбон аз саҳми бузурги мусалмонҳо дар ҳаёти кишвар гуфта, ҷасораташонро дар амалиёти низомӣ тавсиф кардаст
2023-06-28T12:04+0500
2023-06-28T12:04+0500
2023-06-28T12:47+0500
дар русия
фарҳанг
мусалмонон
паём
шодбошӣ
мусалмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/15/1057839071_0:111:3123:1868_1920x0_80_0_0_1c08683e8307c02be45d32f11cce731b.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мусулмонони кишварро бо иди Қурбон табрик гуфта, қайд кард, ки ин ид ба таҳкими ормонҳои некӣ, шафқат ва адолат дар ҷомеа хидмат мекунад. Паёми шодбошии раисҷумҳури Русия ба мусалмонони кишварро дафтари матбуоти Кремл нашр кардааст. "Мусулмонони Русияро бо иди Қурбон самимона табрик мегӯям. Ин ид, ки анҷоми зиёрати муқаддасоти исломиро нишон медиҳад, дорои маънои амиқи ахлоқӣ ва маънавӣ мебошад", — гуфта мешавад дар матни паём. Ба гуфтаи Владимир Путин, ки ҷомеаи мусулмонони Русия дар ҳаёти кишвар нақши бузург дошта, дар таҳкими сулҳи байни миллатҳо ва динҳо, ҳифзи арзишҳои оилавӣ ва тарбияи насли наврас саҳми арзанда мегузорад.Илова бар ин, ба гуфтаи Путин, ҷанговарони мусалмон бо такя ба анъанаҳои таърихӣ, маънавӣ ва ватандӯстии ниёкони худ дар амалиёти вижаи низомӣ фидокорӣ, шуҷоат ва мардонагиро нишон дода истодаанд. Маврид ба зикр мусалмонони Тоҷикистону Русия дар баробари ҳамдинҳои дигарашон дар саросари ҷаҳон 28 июн иди Қурбонро таҷлил мекунанд. Он дар тамоми ҷаҳон дар рӯзи 10-уми моҳи зулҳиҷҷа тибқи тақвими мусалмонӣ таҷлил мешавад. Тибқи анъана, ҳар мусалмони тавонманд бо риояи қоидаҳои муайян, бояд гӯсфанд ё говро қурбонӣ кунад.Таъкид мешавад, ки чорворо бояд танҳо афроде қурбонӣ кунанд, ки мушкилоти молиявӣ дар хонаводаашон надоранд.
https://sputnik.tj/20230628/raisjumhur-tojikiston-qurboni-dush-hatmi-1057955112.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/15/1057839071_307:0:3039:2048_1920x0_80_0_0_29a7b4975f66ffd007f0cc88ef2bb24a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тавсиф, путин, фидокорӣ, мусалмонон, табрик, шодбошӣ
тавсиф, путин, фидокорӣ, мусалмонон, табрик, шодбошӣ
Путин мусалмононро бо иди Қурбон табрик карду аз фидокорияшон тавсиф намуд
12:04 28.06.2023 (Навсозишуда: 12:47 28.06.2023) Президенти Русия дар паёмаш ба муносибати иди Қурбон аз саҳми бузурги мусалмонҳо дар ҳаёти кишвар гуфта, ҷасораташонро дар амалиёти низомӣ тавсиф кардаст
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мусулмонони кишварро бо иди Қурбон табрик гуфта, қайд кард, ки ин ид ба таҳкими ормонҳои некӣ, шафқат ва адолат дар ҷомеа хидмат мекунад.
Паёми шодбошии раисҷумҳури Русия ба мусалмонони кишварро дафтари матбуоти Кремл нашр кардааст.
"Мусулмонони Русияро бо иди Қурбон самимона табрик мегӯям. Ин ид, ки анҷоми зиёрати муқаддасоти исломиро нишон медиҳад, дорои маънои амиқи ахлоқӣ ва маънавӣ мебошад", — гуфта мешавад дар матни паём.
Ба гуфтаи Владимир Путин, ки ҷомеаи мусулмонони Русия дар ҳаёти кишвар нақши бузург дошта, дар таҳкими сулҳи байни миллатҳо ва динҳо, ҳифзи арзишҳои оилавӣ ва тарбияи насли наврас саҳми арзанда мегузорад.
Илова бар ин, ба гуфтаи Путин, ҷанговарони мусалмон бо такя ба анъанаҳои таърихӣ, маънавӣ ва ватандӯстии ниёкони худ дар амалиёти вижаи низомӣ фидокорӣ, шуҷоат ва мардонагиро нишон дода истодаанд.
Маврид ба зикр мусалмонони Тоҷикистону Русия дар баробари ҳамдинҳои дигарашон дар саросари ҷаҳон 28 июн иди Қурбонро таҷлил мекунанд.
Он дар тамоми ҷаҳон дар рӯзи 10-уми моҳи зулҳиҷҷа тибқи тақвими мусалмонӣ таҷлил мешавад. Тибқи анъана, ҳар мусалмони тавонманд бо риояи қоидаҳои муайян, бояд гӯсфанд ё говро қурбонӣ кунад.
Таъкид мешавад, ки чорворо бояд танҳо афроде қурбонӣ кунанд, ки мушкилоти молиявӣ дар хонаводаашон надоранд.