https://sputnik.tj/20230628/masjid-khatlon-namozguzoron-boz-1057964397.html
Дари чанд масҷид дар Хатлон барои намозгузорон боз аст?
Дари чанд масҷид дар Хатлон барои намозгузорон боз аст?
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Хатлон таъкид намуд, ки дар шаҳру навоҳӣ, ҷамоат ва деҳоти вилоят барои қонеъ кардани эътиқоди динӣ тамоми шароит фароҳам гардидааст
2023-06-28T14:25+0500
2023-06-28T14:25+0500
2023-06-28T14:25+0500
дар тоҷикистон
дин ва оин
фарҳанг
озодӣ
қонуни ҷт "дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ"
масҷид
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/14/1041022547_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_cb26ede1d9672772375127dc94056a2c.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар вилояти Хатлон наздики 1,8 ҳазор масҷиди марказӣ, ҷомеъ ва панҷвақта фаъолият доранд. Ин нуктаро раиси Хатлон, Давлаталӣ Саид дар паёми шодбошияш ба мардуми вилоят ба муносибати иди Қурбон таъкид намуд. Ӯ изҳор дошт, ки дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷамоату деҳаҳо ҷиҳати қонеъ кардани эътиқоди динӣ ва иҷрои фаризаҳои дини мубини Ислом садҳо масҷид бунёд шудаанд. Ба гуфтаи Давлаталӣ Саид, айни ҳол дар ҳудуди вилоят 19 масҷиди марказӣ, 119 масҷиди ҷомеъ ва 1638 масҷиди панҷвақта бо тамоми меъёрҳои марбут ба фарҳанги исломӣ фаъолият дошта, барои намозгузорон шароити муносиб доранд, дарҳояшон барои ибодаткунандагон боз аст. Суҳбати раиси Хатлон дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ мардуми кишварро бо иди Қурбон шодбош гуфту аз шароитҳои фароҳамшуда сӯҳбат намуд. "Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи озодии виҷдон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, то имрӯз барои адои фарзиёти исломии мардум тамоми шароити заруриро муҳайё сохтааст", - гуфт Раҳмон.Дар шаҳри Душанбе бунёд ва расман ифтитоҳ гардидани масҷиди ҷомеъ, ки чанд рӯз пештар сурат гирифт ва бо номи асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, яъне Имоми Аъзам номгузорӣ гардид, аз ҷумлаи ҳамин иқдомот мебошад, таъкид намуд раисҷумҳур.
https://sputnik.tj/20230628/putin-musalmonon-id-qurbon-tabrik-1057958898.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/14/1041022547_130:0:2861:2048_1920x0_80_0_0_a655333209243d3437b30ace27091b2a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хатлон, масҷид, шумора, теъдод
хатлон, масҷид, шумора, теъдод
Дари чанд масҷид дар Хатлон барои намозгузорон боз аст?
Раиси Хатлон таъкид намуд, ки дар шаҳру навоҳӣ, ҷамоат ва деҳоти вилоят барои қонеъ кардани эътиқоди динӣ тамоми шароит фароҳам гардидааст
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар вилояти Хатлон наздики 1,8 ҳазор масҷиди марказӣ, ҷомеъ ва панҷвақта фаъолият доранд.
Ин нуктаро раиси Хатлон, Давлаталӣ Саид дар паёми шодбошияш ба мардуми вилоят ба муносибати иди Қурбон таъкид намуд.
Ӯ изҳор дошт, ки дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷамоату деҳаҳо ҷиҳати қонеъ кардани эътиқоди динӣ ва иҷрои фаризаҳои дини мубини Ислом садҳо масҷид бунёд шудаанд.
Ба гуфтаи Давлаталӣ Саид, айни ҳол дар ҳудуди вилоят 19 масҷиди марказӣ, 119 масҷиди ҷомеъ ва 1638 масҷиди панҷвақта бо тамоми меъёрҳои марбут ба фарҳанги исломӣ фаъолият дошта, барои намозгузорон шароити муносиб доранд, дарҳояшон барои ибодаткунандагон боз аст.
Суҳбати раиси Хатлон дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ мардуми кишварро бо иди Қурбон шодбош гуфту аз шароитҳои фароҳамшуда сӯҳбат намуд.
"Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи озодии виҷдон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, то имрӯз барои адои фарзиёти исломии мардум тамоми шароити заруриро муҳайё сохтааст", - гуфт Раҳмон.
Дар шаҳри Душанбе бунёд ва расман ифтитоҳ гардидани масҷиди ҷомеъ, ки чанд рӯз пештар сурат гирифт ва бо номи асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, яъне Имоми Аъзам номгузорӣ гардид, аз ҷумлаи ҳамин иқдомот мебошад, таъкид намуд раисҷумҳур.