Гармии рӯзи ид дар Тоҷикистон аз 40 дараҷа мегузарад

© SputnikМальчик бегает между фонтанами в Душанбе
Мальчик бегает между фонтанами в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2023
Обуна шудан
Ҳарорати ҳав Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва Суғд то 35 дараҷа, дар Хатлон то 45 дараҷа ва дар шаҳри Душанбе аз 40 дараҷа боло меравад
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистону ҳавои гарму чанголуд пешгӯӣ мешавад, иттилоъ дод Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои ҳавошиносон, дар рӯзи таҷлил аз иди қурбон дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чанголудагӣ боқӣ мемонад.
Манбаъ афзуд, дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорат шабона 12+17 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво 1+6 дараҷа ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст, омадааст дар иттилоия.
Суғдро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа, рӯзона 30+35 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Люди отдыхают на улице в летний день в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2023
Чӣ гуна метавон худро аз гармои шадид наҷот дод? Тавсияҳои Вазорати тандурустӣ
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 24+29 ва рӯзона 40+45 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 20+25 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм дар назар аст.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро мегирад, иттилоъ дод Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҳаво дар водиҳо шабона 20+25, рӯзона 33+38 дараҷа гарм пешгӯӣ гардида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар мавриди ҳавои Душанбе таъкид гардид, ки он тағйирёбандаи бебориш мебошад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 22+24 дараҷа ва рӯзона 38+40 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар иттилоия.
Лентаи хабарҳо
0