https://sputnik.tj/20230608/khud-garmo-shadid-najot-tavsiya-vazorat-tandurusti-1057613983.html
Чӣ гуна метавон худро аз гармои шадид наҷот дод? Тавсияҳои Вазорати тандурустӣ
Чӣ гуна метавон худро аз гармои шадид наҷот дод? Тавсияҳои Вазорати тандурустӣ
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон мавсими болоравии ҳарорат ба таври қобили мулоҳиза оғоз шуд. Дар ин робита Вазорати тандурустӣ барои сокинон чанд тавсия пешниҳод кардааст
2023-06-08T11:37+0500
2023-06-08T11:37+0500
2023-06-08T11:37+0500
дар тоҷикистон
ҳавои гарм
вазорати тандурустӣ
тавсия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051042672_0:139:3149:1910_1920x0_80_0_0_e0b262b84fe8f12063982304d2bef010.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон соли ҷорӣ фасли тобистон гармтар хоҳад омад. Бино ба пешгӯии ҳавосанҷон ҳарорати ҳаво дар моҳи аввали фасли гармо 1-2 дараҷа аз меъёри иқлимӣ болотар мешавад.Дар робита ба ин Вазорати тандурустӣ барои пешгирӣ аз ҳар гуна ҳаводили номатлуб бар асари гармо ба шаҳрвандон тавсияҳо додааст, ки аз ин қабист аст:Вазорати ҳамчунин ба авроде, ки мунтазам доруворӣ истеъмол менамоянд, маслиҳат медиҳад, ки бояд бо табиби муолиҷавиашон оид ба таъсири доруҳо ва танзими ҳарорати бадан маслиҳат намоянд.Ба тавсияи ин ниҳод, дорувориҳоро дар ҳарорати зери 25°C (ҳарорати ҳуҷра) ё ин, ки дар яхдон нигоҳ доштан зарур мебошад.Ҳамчунин гуфта мешавад, ки агар шахс дар худ аломатҳои сарчархзанӣ, заифӣ, ташвиш, ташнагии шадид ва ё дарди сар ҳис кунад, кӯшиш бояд кард, ки ҳарчи зудтар ба корманди тиббӣ маҳали зист ё ба Ёрии таъҷилӣ муроҷиат намояд.Маврид ба зикр аст, ки ҳавосанҷон аз болоравии ҳарорат дар кишвар огоҳ мекунанд.Гуфта мешавад, ки ҳарорати ҳаво рӯзона дар бештари ноҳияҳо баланд мешавад, аз ҷумла дар вилояти Хатлон то 38+43 дараҷа, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд то 35+40 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
https://sputnik.tj/20230607/khf-garmo-toqatfarso-tojikiston-hushdor-1057606775.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051042672_471:132:2771:1857_1920x0_80_0_0_fd5fc21b7616c566d4154a715f715c54.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гармо шадид наҷот тавсияҳо вазорати тандурустӣ
гармо шадид наҷот тавсияҳо вазорати тандурустӣ
Чӣ гуна метавон худро аз гармои шадид наҷот дод? Тавсияҳои Вазорати тандурустӣ
Дар Тоҷикистон мавсими болоравии ҳарорат ба таври қобили мулоҳиза оғоз шуд. Дар ин робита Вазорати тандурустӣ барои сокинон чанд тавсия пешниҳод кардааст
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон соли ҷорӣ фасли тобистон гармтар хоҳад омад. Бино ба пешгӯии ҳавосанҷон ҳарорати ҳаво дар моҳи аввали фасли гармо 1-2 дараҷа аз меъёри иқлимӣ болотар мешавад.
Дар робита ба ин Вазорати тандурустӣ барои пешгирӣ аз ҳар гуна ҳаводили номатлуб бар асари гармо ба шаҳрвандон тавсияҳо додааст, ки аз ин қабист аст:
Бояд ҳуҷраи кор ва хонаро салқин нигоҳ дошт, дар давоми рӯз пардаҳои хонаро маҳкам пӯшид;
Шамолдиҳакҳои барқиро ба таври мӯътадил истифода баред - аз ҳад зиёд хунук кардан дар заминаи гармии умумӣ ба сармо ва дарди гулӯ таҳдид мекунад.
Нӯшидани мунтазами нӯшокиҳо, махсусан об дар ин ҳолат бисёр муҳим аст. Лекин аз нӯшокиҳои ширин, қаҳва ва спиртдор худдорӣ намудан зарур мебошад;
Аз зери таъсири бевоситаи гармии офтоб худро дур нигоҳ доред;
Бе зарурат аз хона набаромадан, махсусан дар вақти қиёми рӯз ба манфиат аст;
Дар чунин ҳавои гарм кӯдаконро муддати зиёд дар дохили нақлиёт дар таваққуфгоҳҳо набояд нигоҳ дошт;
Дар ҳаммом бо оби хунук оббозӣ кардан ва ё аз халтачаҳои ях, сачоқчаҳо ва руймолчаҳои тар истифода бурдан тавсия дода мешавад;
Сару либоси сабуки аз матои табиӣ дӯхташударо пӯшидан зарур аст.
Вазорати ҳамчунин ба авроде, ки мунтазам доруворӣ истеъмол менамоянд, маслиҳат медиҳад, ки бояд бо табиби муолиҷавиашон оид ба таъсири доруҳо ва танзими ҳарорати бадан маслиҳат намоянд.
Ба тавсияи ин ниҳод, дорувориҳоро дар ҳарорати зери 25°C (ҳарорати ҳуҷра) ё ин, ки дар яхдон нигоҳ доштан зарур мебошад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки агар шахс дар худ аломатҳои сарчархзанӣ, заифӣ, ташвиш, ташнагии шадид ва ё дарди сар ҳис кунад, кӯшиш бояд кард, ки ҳарчи зудтар ба корманди тиббӣ маҳали зист ё ба Ёрии таъҷилӣ муроҷиат намояд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳавосанҷон аз болоравии ҳарорат дар кишвар огоҳ мекунанд.
Гуфта мешавад, ки ҳарорати ҳаво рӯзона дар бештари ноҳияҳо баланд мешавад, аз ҷумла дар вилояти Хатлон то 38+43 дараҷа, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд то 35+40 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.